Имрӯз 5-уми декабри соли 2020-ум дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масоили мубрами математика ва таълими он”  бахшида ба бистсолаи омӯзиш ва  рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ва ба 70 – солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Абдурасул Сатторов баргузор гардид.

Конференсияи мазкурро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ифтитоҳ намуд.  

Сипас, академик Н. Раҷабов, дар мавзӯи “Оид ба як синфи муодилаи интегралии Волтерраи  навъи якум бо махсусиятҳои логарифмӣ ва сингулярӣ”, профессор Ф. Комилиён, дар мавзӯи “Тазодҳо ва оқибатҳои раванди иттилоотонӣ дар низоми муосири таҳсилоти ибтидоӣ”, профессор Ҳ. Маҷидов, дар мавзӯи “Таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон” ва профессор М. Нугмонов, дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири таълими математика” баромад карданд.

Ҳамчунин, дар охир табрикоти дӯстон ва ҳамкорони устод Абдурасул Сатторов  суханронӣ намуданд.

Ин конференсия аз бахшҳо иборат буда дар бахши аввал оид ба масъалаҳои мубрами математикаи муосир, бахши дуюм оид ба масъалаҳои муосири таълими математика ва фанҳои табиатшиносӣ, бахши сеюм оид ба масъалаҳои техника ва таълими фанҳои технологӣ ва бахши чорум оид ба масъалаҳои мубрами таърихи илм мебошад.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ