Дар воқеъ, таърих ойинаи тамомнамои зиндагинома, кору пайкори мардони бузургу фидоӣ ва сарсупурда аст, зеро афроди комилу мукаммал ва махсусан ашхоси донишманди мутабаҳҳиру ростин дар зиндагӣ монанди чароғ ё худ офтобе ҳастанд, ки тавассути худсӯзиву худафрӯзӣ бар зеҳну хотир ва дилу ҷони инсонҳои дигар нуру зиё бахшида, саранҷом роҳи ҳамасрону пасовандонро равшану мунаввар месозанд.

Дидор, нишасту суҳбат ва баҳрабардорӣ аз ҳузури чунин шахсон мояи бузург буда, ин саодат на ба ҳар кас муяссар хоҳад шуд. Шахсан барои мо ҳузур ва дидори шарифи устод Сатторов Абдурасул Эшбекович, ба сифати як нафар аз донишмандону пажӯҳишгарони соҳаи ҳандасаву ҳисоб ва инсони хушахлоқу ҳамидахисол мояи шарафу ифтихор аст. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё Офаридгор устод А. Сатторовро махсус барои фарогирии дониш, пажӯҳиш, ковиш, огоҳиву шинохти бештари илму фарҳанг ва омӯхтану омӯзонидан халқ кардааст. Вай аз зумраи инсонҳои наҷибест, ки бо вуҷуди бо мо ҳамзабон набуданаш, бо мо ҳамзамон ва ҳамдилу ҳамрайъ буда, бештар аз чиҳил соли ҳаёти пурсаодати хешро сарфи илму таълим кардаву бори вазнини илм, фарри фарҳанг, шукӯҳу азамати тамаддуни дерина ва умуман мероси ғанӣ ва пурбори ҳавзаи тоҷикзабононро на танҳо ба дӯш гирифтаанд, балки аз чунин дороӣ ифтихор низ доранд. Мавсуф дар донишмандӣ, инсонигарӣ, ҳимматбаландӣ, хоксориву фурӯтанӣ, одобу ахлоқ ва дигар хислатҳои ҳамидаву писандида камназир буда, ба фарҳанг ва тамаддуни ниёкони мо дилбастагӣ доранд. Ба дигар сухан, ӯ ба ҳайси як инсони покниҳоду охирбин садаферо мемонанд, ки дар ниҳоди нозуку муборакашон гавҳарҳои ҷилоноку қиматбаҳое нуҳуфтааст. Шояд ҳамин ҳамидахисолии устод боиси ҳукмрон шудани андешае дар зеҳни мо гашта бошад, ки гӯё ҳузури дидор ва саодати суҳбати ин фарзонаи рӯзгор агар насиби ҳар кас гардад, бидуни шак, он шахс хушиқбол хоҳад шуд. Муддати мадиде бо ин шахси фарзонаву фарҳехта ҳамкор, ҳамнишин, ҳамсуҳбат ва дардошноем, натиҷаи ин ҳама боҳамиҳо, бе ҳеҷ гуна газофагӯӣ, моро ба хулосае овард, ки суханони пандомезу раҳнамои ин устод ҳаргиз аз хотир ва равони ҳар гуна ҳамсуҳбаташ сутурда нахоҳад шуд. Афзун бар инҳо, вай устодест, ки ҳаргиз ва ҳеҷ гуна муҳаббат, роҳнамоӣ ва иршоди худро аз шогирдон дареғ намедорад. Барои ҳамин ҳам бояд арз дошт, ки устод Сатторов А.Э. дар баробари соҳиби фарзандони солиму солеҳи воқеиву ҳақиқӣ ё худ моддиву табиӣ будан, боз фарзандони маънавии (шогирдон дар назар аст) зиёдеро дар зери ҳимояти хеш парвардааст ва бовар дорем, ки ин суннатро минбаъд низ идома хоҳанд дод. Интихоби шогирд, бахусус дарёфти фарзандони маънавии донишманду арзанда, дар замони ҳозир кори саҳлу сода нест. Фарзандони маънавӣ дар ҳавзаи фарру шукӯҳи фарҳанги маънавӣ ва риояи одобу ахлоқу одоб бояд мисли фарзандони ростин бошанд ва умед аст, ки шогирдони устод идомадиҳандаи кору пайкори ӯ хоҳанд буд, чунки аз ковишҳои амиқ ва пажӯҳишҳои арзандаи вай ба андозае баҳравар шудаанд. Устод Абдурасул Эшбекович дар зеҳни мо ба манзалаи як китоби фарҳанг ва ё донишномаест бозу кушода, саршор аз гуҳарҳои илму маърифат ва ганҷинаи ахлоқу одоб, ки бояд онро пайваста мавриди омӯзишу мутолиа қарор дод ва ҳусни одобу ахлоқро аз ӯ фаро гирифт, зеро донишмандону андешамандони ҳақиқӣ дар ҳама асру замон назди кулли башарият азизу мукаррам будаанд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Фаъолияти ибратбахшу босамар, номи муборак ва пажӯҳишоти арзишманди устод Сатторов А.Э. дар риштаи улуми риёзиву ҳандаса, таълиму тадрис, ки дар саргаҳи он хиради воло ҳокимият дорад, намунаи ибрат ва сазовори омӯзишу пайравист. Мусаллам аст, ки дар дарозои таърих бархе ашхоси муътабар ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон бо ба ҷо гузоштани осори илмиву пажӯҳишӣ, зумрае бо аъмолу рафторҳои неки инсонӣ ва ахлоқи воло, баъзеҳо бо корҳои ба халқу миллат муфид,тоифае бо тарбияи фарзандони нексират ва монанди инҳо саъйи балеғе ба тақдим расондаанд, то ҷовидонагиву бақоияти исми хешро ҳифз созанд ва бад-ин мизону васила ба андозае муваффақ низ шуданд, ки аз таъсироти марг фосила бигиранд ва ҳатто марг ҳам натавонистааст ёду хотири онҳоро ба фаромӯшӣ биспорад. Ба дигар сухан, донишмандон офтобеанд, ки агар дар шоми умр ғуруб кунанд ҳам, бомдоди дигар аз машриқи авроқи китобу осори гаронмояашон боз тулӯъ ва нурпошӣ хоҳанд кард. Аз ин хотир, бо дарназардошти ба эътибор гирифтани кору фаъолияти мондагори устод Абдурасул Эшбекович, ки вуҷудаш мояи хайру баракат, қаламаш сарчашмаи донишу маърифат ва каломаш рӯҳбахшу раҳнамост, ӯро, бидуни шакку шубҳа, метавон дар радифи чунин ашхоси соҳибмартабаву соҳибном мақом дод. Ҳамин тариқ, роҷеъ ба чунин шахсият, ки дорои ҳамидахисолиҳои зиёд аст, андеша кардану сухан гуфтан дар як мухтасар кори саҳлу сода нест, яъне таҳлилу арзёбии нисбатан муфассали фазилатҳои устод фурсату маҷоли, бештар ва махсусро тақозо мекунанд, ки мо, мутаассифона, айни замон дорои он нестем. Фақат ҳамин қадар меафзоем, ки Абдурасул Сатторов ба сифати як устоди роҳнамои ҷодаи хираду дониш, ҳидоятгари роҳи илму фарҳанг, машъалафрӯзи маърифат барои мо ва донишҷуён яке аз атоҳои Яздон буда, Офаридгор гӯё ӯро барои таълиму тарбияи мо, фарзандони мо ва кулли башарият офаридааст. Дар фароварди ин арҷнома устоди гаронмоя – Сатторов Абдурасул Эшбековичро ба ифтихори ҷашни ҳафтодсолагиашон, табрику таҳният гуфта, аз Худованди бузург таманно мекунем, ки бунёди кохи умри гаронмоя ва пурбаракати эшонро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад ва ин суханони шоир дар ҳаққашон мустаҷоб шавад:

Ҷуз ин дуо-т нагӯем, Рӯдакӣ гуфта:

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!

ТАҒОЙМУРОДОВ Рустам,

доктори илмҳоифилологӣ,

БОЛТАЕВ Малик,

номзади илмҳои кимиё, дотсент