Дар доираи лоиҳаи Саводи расонаӣ барои ҳама, ки Ассотсиатсияи тафаккури интиқодӣ ва Интернюс даври дуюми омӯзиш барои омӯзгорони мактабҳои олӣ ташкил намудааст, гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани ин омӯзиш шинос намудани устодон бо усулҳои нави таълим, рушди тафаккури интиқодии донишҷӯён, истифодаи иттилооти саҳеҳ, ҷудо карда тавонистани таҳрифи факт, фейк, таъсири иттилоотии сомонаҳои ичтимоӣ ба афкори омма буд.

Тренерони пуртаҷриба Ҷамшед Маъруф, Қутбиддин Мухторӣ, Ҷовид Муқим ва Гулбаҳор Искандарова тавонистанд усулҳои беҳтарини ташкили машғулиятҳо, гузаронидани бозиҳои таълимиро омӯзонанд.

Дар омӯзиш 25 нафар устодони ДМТ, ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ДДХ ба номи М. Назаршоев, ДДХ ба номи Б. Ғафуров  ва ДДБ ба номи Носири Хусрав иштирок доштанд. Аз ҷумла устодони факултети филологияи тоҷик Фаромӯз Бобоев, Нигина Раупова, Меҳроб Эмомов ва Дилором Маҳкамова дар ин омӯзиш хеле фаъол буданд.

Омӯзиш имкон дод, ки байни иштирокчиёни тренинг мубодилаи афкор ва таҷрибаи омӯзгорӣ сурат гирад.

Ҷамъбасти озмун аз муаррифии модулҳои коркардшудаи иштирокчиён иборат буд, ки минбаъд дар рафти таълим истифода хоҳанд шуд.

Ташкили чунин омӯзишҳо барои такмили ихтисоси устодон манфиатбахш буда, малакаю маҳорати онҳоро барои истифодаи усулҳои нави таълим, бахусус воситаҳои техникӣ ва сарчашмаҳои интернетӣ баланд мебардорад.

 

 

 

 

 

Дилором Маҳкамова,

мудири кафедари рӯзноманигории ДДБ