Мутобиқи маълумоти маркази тестӣ дар сессияи имтиҳонии нимсолаи тирамоҳӣ дар донишгоҳ 3256 адад имтиҳон ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 3047 адад дар зинаи бакалавр ва 209 адад дар зинаи магистр мебошад.

Бояд гуфт, ки 3047 адад имтиҳони зинаи бакалавр тавассути барномаи имтиҳонҳои марказонидашудаи ҷорӣ сурат мегиранд. Аз ин рӯ, масъулини факултетҳоро зарур аст, ки ҷиҳати омода будани ҷадвалҳои имтиҳонӣ, тартиб ва тасдиқи саволномаҳои онҳо мувофиқи низомномаи амалкунанда тадбирҳо андешанд.