Дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ батадриҷ вусъат ёфта, яке аз воситаҳои рушди босуботи ҳамкориҳо миёни кишварҳои дунё ба ҳисоб мераванд. Бо омӯхтани забонҳои дигар мардуми мо метавонанд аз навгониҳои илму фарҳанги мамлакатҳои ҷаҳон огаҳ бошанд.

 

Давоми солҳои охир дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шароити хуб созгор омадааст, ки дар баробари таҳсил дар донишгоҳ донишомӯзон метавонанд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул гарданд. Солҳои пеш мардум ба омӯзиши забон кам аҳамият дода, имкони бохабар будан аз дигар забонҳоро надоштанд. Дар синфҳои ибтидоӣ бошад, соатҳои русию англисӣ кам ба роҳ монда шуда буданд. Бо рушду нумӯи кишвар ва муносибатҳои байналмилалӣ имрӯз хонандагону ҷавонон, алалхусус донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ мароқ зоҳир намуда истодаанд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш таъкид доштанд, ки наврасону ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ талқин намуда, аз ҷумла ба забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Маҳз, бо ин мақсад дар тамоми муассисаҳои таълимӣ махсусан дар ДДБ ба номи Носири Хусрав омӯзиши забони русӣ ба таври густурда роҳандозӣ гардидааст. Чи гунае ба мушоҳида мерасад сол то сол сатҳу сифати дониши донишҷӯён афзуда истодааст.

 

Махсусан, дар курсҳои якуми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ мушоҳида намудам, ки аҳли гурӯҳ бо забони русӣ озод сухан карда метавонанд. Онҳо дар дарс фаъол буда, нисбати донишҷӯёни факултетҳои дигар кӯшиш менамоянд, ки зимни муошират беғалат сухан ронанд. Аз ин рӯ, мо омӯзгорон талош дорем, ки дар раванди гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ бештар нутқи донишҷӯёнро инкишоф диҳем. Ин пеш аз ҳама аз луғатомӯзӣ ва гуфтугӯи байни ҳамдигар муяссар мегардад. Банда, ки омӯзгори забони русӣ ҳастам, дар ҳар дарс ба донишҷӯён луғатҳои муайянро пешниҳод менамоям ва дар дарси оянда аз онҳо калимаҳоро бо шарҳу тафсирашон пурсон мешавам ва дар доираи онҳо сохтани ҷумла, матнро аз донишомӯзон талаб менамоям.

 

Пайдост, ки ҳар қадар донишҷӯён луғатро аз худ намуда, муоширатро зиёд гардонанд ҳамон қадар ҷаҳонбинияшон васеъ мегардад. Ҳангоми гуфтугӯ бо ин забон душворӣ намекашанд. Пешвои муаззами миллат, дар яке аз суханрониҳои худ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ набуда, аксари хатмкунандагон ба ин забонҳо муошират карда наметавонанд. Ин эроди Сарвари давлат дуруст аст.

 

Вобаста ба ин, мо омӯзгоронро зарур аст, ки аз методҳои муосир истифода намуда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш, омӯзиш ва муоширати донишҷӯён бо забонҳои хориҷӣ мусоидат намоем. Дар ин баробар бояд ҷаҳонбинии васеъ дошта бошем ва дар бораи муқаддасоти миллӣ, таъриху фарҳанги тоҷик бо забони русӣ зиёдтар сухан ронем.

 

Бешубҳа, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз масъулияти омӯзгор ва методи омӯзиши он вобастагии амиқ дорад. Забономӯзӣ бисёр шавқовар аст, ба шарте ки мо тавонем меҳри онро дар замири дигарон бедор намоем. Агар дар раванди дарс шавқи донишомӯз бедор гардонида шавад, онҳо бо худомӯзӣ майл мекунанд ва танҳо роҳнамоии омӯзгор кифоя аст, ки забонро ҳарчӣ зудтар азбар намоянд. Дар замони ҷаҳонишавӣ танҳо наврасону ҷавононе метавонанд ватани азизамон Тоҷикистонро муаррифӣ ва ҳимоя намоянд, ки дар баробари дигар фазилатҳояшон донандаи забонҳои хориҷӣ махсусан русӣ ва англисӣ бошанд.

 

Қурбонбибӣ ҶУМАЕВА,

омӯзгори кафедраи курси амалии забони русӣ