Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъаи кишвар ва хориҷ аз он, бахусус ба наврасон ва ҷавонон мояи ифтихор ва намунаи ибрат буд, ҳаст ва мемонад.
Замоне, ки ҷаноби Олӣ вориди арсаи сиёсат гардиданд, Ватани моТоҷикистони азиз дар оғӯши хун буд ва ҳатто дар ҳолати фаношавӣ қарор дошт, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, қавл доданд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Воқеан, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, даҳҳо маротиба ҷони худро зери хатар гузошта, барои расидан ба Ваҳдати миллии тоҷикон кӯшиш намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз расидан ба мақсади олии хеш, ки таъмини сулҳ ва якпорчагии Тоҷикистон буд, барои тақвият бахшидан ба ин арзишҳои олӣ камари ҳиммат бастанд, зеро хеле рӯшан буд, ки сулҳ чӣ қадар зарур аст. Ба ин мақсад, ҳанӯз соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «ҷавонон-ояндаи миллат»-ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, дар дасти ҷавонон будани ояндаи давлат қайд гардида буд. Аз нахустин рӯзҳои фаъолияташон ҳамчун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кӯшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин онҳоро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият менамоянд. Гуфтан ба маврид аст, ки таблиғи омӯзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тавре таъкид менамоянд: «Мо бояд аз умқи таърих шӯъла бардорем, на ин ки хокистар». Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон зиёд буда, дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ба онҳо таъсири хуб мегузорад. ҳар як хонанда кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар ҷомеа саҳмгузор бошад, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоштаанд. Дар силсилаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» ҷаноби Олӣ таърихи миллати кӯҳанбунёди тоҷикро гирд оварда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо аз замони қадим то ташаккулёбии халқи тоҷик маълумоти пурарзише додаанд. Аҳамияти ин асарҳо дар ҷодаи баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан бисёр калон мебошад. Дар ин асарҳо корномаи қаҳрамононаи Шерак, малика Томирис, сарлашкар Спитамен, хиради Бузургмеҳр ва дигар саҳифаҳои таъсирбахш инъикос ёфтаанд, ки дар натиҷаи мутолиа ва шиносоӣ бо он дар ниҳоди хонанда хислатҳои неки ҳар як қаҳрамон пайдо мегардад ва ба нафъи ҷомеа хидмат менамояд. Тавре медонем, ҷамъият аз одамон иборат аст, дар ҷамъият чи қадаре, ки одамони нек, масъулиятшинос, худшинос, меҳанпараст зиёд шавад, он ҳамон андоза солим шуда, рушди он суръат мегирад. Асари ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки бештари шомилшудагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳӣ аз паст будани маърифат мебошад. Пас, ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз муҳтавои асарҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат огаҳ бошанд, онҳоро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар ин асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумоти зиёд манзур карда шудааст.
А. ХАЙРЗОДА, 
сардори Раёсати таҳсилоти ДДБ