Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусра аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бахшида қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳти унвони “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ташаккул ва инкишофи  ҳуқуқи инсон” мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар Ҳ. Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, Б. Қодиров, мудирони кафедраҳои ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, С. Абдураҳимов, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, А. Аминжонов, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет  иштирок доштанд. 
Нахуст Ҳ. Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 72- солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қарор дорад, ки он дар барқарорсозӣ ва инкишофи ҳуқуқи инсон дар олами муосир камназир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ, фаъолона ба ҳаёти чомеаи байналмилаллӣ ҳамроҳ шуда ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон афзалияти сиёсати давлати арзёби гаштааст.  
Дар ҷараёни мизи мудаввар Б. Қодиров, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои муосири ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир” баромад намуда, қайд дошт, ки бисёре аз давлатҳои ҷомеаи ҷаҳони аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бистсолаи охир дар роҳи демократисозии ҷомеа дар Конститутсияҳои худ ҳуқуқҳои инсонро мустаҳакам намудаанд. Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар чорабинии мазкур С. Абдураҳимов, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзӯи «Нақши механизмҳои миллӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон», Э. Набизода, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзӯи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон», М. Назризода, ассистенти кафедра дар мавзӯи «Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар таҳким ва инкишофи ҳуқуқу озодиҳои занон», А. Шоев, омӯзгори кафедра дар мавзўи «Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар таҳким ва инкишофи ҳуқуқу озодиҳои фарҳангии инсон» ва Файзигулли Фаттоҳ, донишҷӯи курси панҷуми факултет дар мавзӯи «Роҳҳои ҳалли масъалаҳои зуроварии занон дар оила» бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.
    
Э. Набизода, 
омӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ 
Бо салом ва эҳтиром,
Комрони БАХТИЁР