Имрӯз 10-уми декабри соли 2020-ум дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” зери унвони “Ҳар як андеша, нуқтаи назар ва пешниҳоди созанда-мусоидкунанда ба рушди устувори кишвар барои мо муҳим аст” дар ҳамкории байни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Миралиён Қиёмиддин, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сайфиддин Давлатзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Диловаршо Исозода, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Н. Шоҳиён, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок ва суханронӣ намуданд.  
Ҳадафи конференсияи мазкур бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ, арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккул додани чунин мактаби сиёсӣ, ташаккули заминаҳои илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ тариқи асоснокии илмӣ ва маҳсулнокии онҳоро ташкил медиҳад. 
Конференсия беш аз 50 мақолаҳои илмӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар пешниҳод гардида, нахустин маҷмӯаи мақолаҳо дар мавзӯи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” аз чоп баромад.
Ҳамчунин, конференсия аз қисмати расмӣ ва чор бахшҳои “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”,  “Иқтисодиёт ва энергетика”, “Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ”, ва “Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ” иборат мебошад.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

Бо салом ва эҳтиром,
Комрони БАХТИЁР