Имрӯз 11-уми декабри соли 2020 нашриёти «Адиб» дар назди толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  намоиш-фурӯши китобҳоро барои дӯстдорони китоб  баргузор намуд, ки дар  он намояндагони тамоми  идораҳои вилоятиву шаҳрӣ, омӯзгорону донишҷӯён, инчунин  аҳли адабу фарҳанг ва дигар дӯстдорони мутолиа иштирок намуданд. Иштирокдорон китобҳои тозанашрро варақ мезаданд, аз назар мегузарониданд ва асарҳои писандидаашонро барои харидан интихоб мекарданд. 
Аз ҷониби Муассисаи нашриёти «Адиб» асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд,  ба фурӯш гузошта шуда буд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин  маъракаи фарҳангӣ барои дӯстдорони китоб  ба ҷашни бошукӯҳу хотирмон  табдил ёфт. Зеро онҳо имкон доштанд дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта,  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд.
Ҳамаи ин таблиғу ташвиқи китоб ба хотири пос доштани ормонҳои миллию ватандӯстӣ, ҳифзу ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли нав дар ин рӯҳия, муаррифии адабиёти даврони истиқлол, рушди маънавӣ ва ваҳдату якдилии ҳамватанонамон амалӣ мегардад.
Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ