dav
Намояндагони Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба манзили иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Маҳамадӣ Ҳамроев рафта, ӯро бо фарорасии ин 95-умин солгарди умр табрик намуданд. Ба профессор туҳфаҳои хотиравию пулии ректори донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ тақдим гардид.
Маҳамадӣ Ҳамроев 10 ноябри соли 1925 дар деҳаи Қашқабулоқи ноҳияи Ваҳдати (Кофарниҳон) Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1931-32 дар назди домуллои деҳа, солҳои 1933-1936 дар мактаби ибтидоӣ ва баъд аз он то соли 1941 дар курси тайёрии омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ваҳдат таҳсил мекунад. Баъди як соли муаллимӣ дар ноҳияи Темурмалик соли 1942 ба ҷанг меравад. Соли 1945 аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргашта, то соли 1947 диретори мактаби ҳафтсолаи ноҳияи Роҳатӣ шуда кор мекунад. Соли 1947 ба факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шуда, онро соли 1951 бо дипломи аъло хатм менамояд. Соли 1952 ба аспирантура дохил шуда, соли 1956 дар мавзӯи «Оид ба масъалаи муносибатҳои феодалӣ дар бекигарии Ҳисор, хонигарии Бухоро дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд. Солҳои 1955-57 омӯзгори Донишкадаи Тирмиз, солҳои 1957-1961 мудири кафедраи Донишкадаи техникии Тоҷикистон, солҳои 1961-1976 дотсент, профессори кафедраи таърихи ҲКИШ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1976-1979 мудири кафедраи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, солҳои 1979-1986 профессори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва аз соли 1986 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба ҳайси профессор, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ (солҳои 1993-2000) кор кардааст. Соли 1971 рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Мақоми ҲК Тоҷикистон дар инкишофи ирригатсия дар Тоҷикистон (солҳои 1924-1941)» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи доктори илми таърих гардид.
М.Ҳамроев муаллифи рисолаҳои таърихии «Очерки истории Гисарского бекства конце ХIХ и начало ХХ века» (Сталинабад, 1959), «Коммунистон – сарвари сохтмони системаи ирригатсионии Ёвон-Обикиик» (Душанбе: Ирфон, 1968), Татбиқи идеяҳои ленинӣ оид ба обёрӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе: Ирфон, 1970), «Деятельность Коммунистической Партии по развитию ирригации в Таджикистане (1924-1938)» (Душанбе: Дониш, 1972), «Развитие ирригации Советского Таджикистана в период упрочения социализма» (Душанбе: Ирфон, 1975), «Развитие орошения земель Советского Таджикистана» (Душанбе: Ирфон, 1985) ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ мебошад.
М.Ҳамроев дар рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ и.в.ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа буд. Хидмати ӯ дар танзими ҷараёни таълиму тарбия, даъвати устодон ба донишгоҳ хеле бузург аст. М.Ҳамроев маъюби гурӯҳи сеюм мебошад. Корнамоии ҷангии ӯ бо ордени «Ситораи сурх» (1944) қадр карда шудааст. Соли 1998 профессор Ҳамроев М.Ҳ. соҳиби унвони ифтихории Арбоби илму техникаи Тоҷикистон шуда, ҳамчунин ба медали «Ветерани меҳнат» шарафёб гардид. Айни ҳол Ҳамроев М.Ҳ. мушовири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ шуда кор мекунад.
dav
mde
dav
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ