Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқи ҷумҳуриявии оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” ду нафар кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуда  ғолиби мусобиқа дониста шудаанд.

Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аъзам Юнусов, барои ишғол намудани ҷойи якум байни варзишгарони касбӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти барои дарёфти  «Ҷоми Пешвои миллат»  бо диплом ва малағ дар ҳаҷми 350 сомонӣ мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин, ба Олима Ҳакимова, омӯзгори кафедраи таҳлили математикии муодилаҳои дифферансиалии донишгоҳ барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти барои дарёфти  «Ҷоми Пешвои миллат»  бо диплом ва малағ дар ҳаҷми 200 сомонӣ мукофотонида шудааст.

Бозии шоҳмот натанҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накӯро, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан, расидан ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд. Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик мебошад.Тавассути бозии шоҳмот метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ