Аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ, мақомоти гумрук вазифаҳои хеле муҳим – амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бо зуҳуроти нангини нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳуриро ба ўҳда дошт ва то ба имрўз тавонист, ки ин вазифаҳоро сарбаландона ба иҷро расонад.

 

Агар ба роҳи тайнамудаи худ назар андозем, бо ифтихор метавонем бигўем, ки маҳз ба туфайли талошҳои созанда ва дастгириҳои бевоситаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мушкилиҳоро паси сар намудем, балки дар як ҷои хушку холӣ, тавонистем механизми боэътимоди гумрукии ҳифзи амнияти кишварро ба вуҷуд оварда, фаъолияти самараноки онро таъмин намоем. Маҳз ба туфайли чунин дастгириҳо мақомоти гумрук тавонист ба як мақомоти боэътимоди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ табдил ёбад.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ барномаи СММ оид ба назорати воситаҳои нашъадор ва пешгирии ҷиноят амал мекунад. Ҳадафи асосии стратегияи Раёсати СММ оид ба назорати воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳо тақвияти Агентии махсускунонида шудаи миллӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо дигар агентиҳо дар мубориза бо воситаҳои нашъадор мебошад.

 

Ин бо роҳи зерин сурат мегирад:

а) тақвият додани ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати пешгирии интиқоли маводи мухаддир аз хориҷ ба воситаи роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

б) пурзур намудани ҳамкориҳо ба агентихои давлатҳои ғарб ҷиҳати омўхтани таҷрибаи беҳтар мубориза бурдан бо муомилоти воситаҳои нашъадор.

 

Бо вуҷуди ин, то ҳол мубориза бо нашъаҷаллобӣ муваффақияти маҳдуд дорад. Чун қоида, нашъаҷаллобон роҳҳои наву мукаммалтари қочоқи воситаҳои нашъадор, аз ҷумла «контейнерҳои зинда»-ро пайдо менамоянд. Таҷриба нишон медихад, ки беш аз 80% интиколдиҳандагони воситаҳои нашъадори дар нақлиёт дастгиршуда кўшиш мекунанд ба мақсади интиқол маводи мухаддирро фуру баранд ва ё дар дигар қисмати баданашон ҷой диҳанд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти байналмиллалӣ доштани муомилаи маводи мухаддир ва мақоми транзитии маҷбурӣ доштани қаламрави мамлакатамонро ба эътибор гирифта, ба ҳалли маҷмўи вазифаҳои марбут ба пурзур намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ ва гумрукӣ диққати махсус медиҳад.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз моҳи апрели соли 1996 Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 464 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири пурзўр намудани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» ба табъ расид. Ҳамчунин, ҳамон вақт Комиссияи давлатии назорати маводи мухаддир таъсис дода шуд, ки ин сипас мақоми танзимкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бо воситаҳои нашъадор гардид. Соли 1999 вай ба Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 

Масъалаҳои вобаста ба сўистифодаи маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он чандин маротиба дар ҷаласаҳои Ҳукумат, Маҷлиси Олӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, ВКД ва ВА, Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мақомоти манфиатдор муҳокима гардиданд. Ба минтақаҳои сарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ба воситаи он миқдори асосии қочоқи маводи мухаддири интиқол мегардад, диққати махсус дода мешавад.

 

Воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 зиёда аз 770,  дар соли 2018  зиёда аз 711 ва дар соли 2019 539 ҷиноятҳои вобаста ба моддаҳои нашъамандиро ба қайд гирифтанд.

 

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо дигар мақомотхои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва гузаронидани 8 амалиёти якҷоя аз гардиши ғайриқонунӣ ба миқдори 60 кг 714,631 гр. моддаҳои нашъаовар гирифта шудааст.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тадбирҳои асосии амали мутақобили зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тайи вақтҳои охир дар мамлакатамон андешидашуда чунинанд:

 

ЯКУМ –  Шомил шудан ба низоми байналмилалии назорати маводи мухаддир буд. Ба ин мақсад Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се созишномаи асосии СММ-ро дар ин соҳа ба тасвиб расонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо Кумитаи байналхалқии назорати маводи мухаддир ҳамкории пурарзиш барқарор намояд.

 

ДУВВУМ Барои кори самарабахш таҳкурсии меъёрии ҳуқуқӣ лозим   буд, ки асоси онро дар мамлакатамон аввалин шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” (аз 10 декабри соли 1999 таҳти № 873) ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 таҳти № 390 “Дар бораи тасдиқи руйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, ки чавобгуи талаботи Конвенсияҳои байналмилалии СММ  ва Низомномаи ҷудогонаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ташкил мекард. Аввалин бор дар таҷрибаи давлатҳои ИДМ дар сатхи ҳукуматӣ Қоидаҳои ҳамаҷонибаи ҷорӣ намудани назорати давлатӣ оиди гардиши қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо кор карда баромад, тасдиқ гардиданд.

 

Муҳимии муборизаи миллӣ ва байналмилалӣ бо қонуншиканиҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводҳои кимиёвӣ – прекурсорҳо кормандони мақомоти гумрукро водор месозад, ки ин масъаларо аниқ дарк намоянд, дониши худро оиди гардиши қонунии прекурсорҳо бо асосҳои меъёриву ҳуқуқии васеъ такмил диҳанд, маҳорату малакаи истифодаи ин донишҳоро дар фаъолияти ҳамарўзаи амалии худ истифода баранд.

 

СЕЮМ – Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тамоми тадбирҳои зидди воситаҳои нашъадорро дар мамлакат ба низому мувозинати зарурӣ оварад. Ин ифодаи худро дар намуди тадбирҳои амалии барномаи зидди маводи мухаддир ва фурўши он ёфтааст, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Парламент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди олии мамлакат тасвиб гардида буданд.

 

ЧОРУМ – ба мақсади муттаҳид намудани саъйу кўшиши тамоми мақомоти давлатӣ дар кори амалисозии сиёсати зидди воситаҳои нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 тибқи қарори СММ ва Шўрои Амнияти Миллӣ мақоми махсус таъсис дода шуд. Ин мақом Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба зиммаи он ҳалли доираи васеъи вазифаҳои соҳаи мазкур, аз ҷумла амали намудани вазифаҳои ҳамоҳангсозӣ, назорати давлатии гардиши ошкорои воситаҳои нашъадор ва прекурсорҳо ва бисёр дигар масъалаҳо гузошта шудааст.

 

ПАНҶУМ – Тоҷикистон тавонист дар инкишофи минбаъдаи ҳамкории байналхалқии зидди воситаҳои нашъадор ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Як қатор қарордодҳои байниҳукумативу байнидоравӣ ба имзо расиданд. Ба ғайр аз давлатҳои ИДМ, ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, як қатор созмонҳои муътабари байналхалқӣ низ шарикони анъанавии Тоҷикистон гардиданд.

 

Имрўзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии тақвияти ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудаанд, ки бояд тавассути лоиҳаҳои амалии якҷоя ривоҷу равнақ ёбанд.

 

А. ИСОЕВ,

омӯзгори кафедраи фаъолияти кумрукии ДДБ