«Омӯзгор, то замоне, ки меомӯзад зиндааст, ҳамон лаҳзае, ки 

      мутолиаро  қатъ кунад, симои омӯзгории ӯ аз байн меравад”.

                                                            К. Д.Ушинский

 

Худомӯзӣ қисмати таркибӣ ва омӯзиши пайвастаи кормандони соҳаи илм ва маориф  мебошад. Моҳият ва аҳамияти худомӯзӣ дар аз худ кардани технологияи навин ва фарҳанги кори фикрӣ, маҳорати ҳаллу фасл кардани  масъалаҳо ба таври  мустақилона, худтакмилдиҳӣ ва баланд бардоштани маҳоратҳои касбӣ  мебошад. Ҳадафи худомӯзӣ қабл аз ҳама  такмили ихтисос, таҷдиди пайвастаи  салоҳиятнокӣ дар соҳаи  фанҳои таълимии зарур  барои амалӣ кардани стандартҳои насли нав  аст.

 

Чӣ бояд кард, ки муаллим дар сафи пеши  ҳамкасбони худ қарор гирад. Албатта ба ин савол ҷавоб бисёр аст. Таҳсили ғоибона дар донишкадаҳои олӣ, курсу семинарҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат дар назди институтҳои такмили ихтисос, мактабҳои базавию иттиҳодияҳои методӣ, мактабҳои таҷрибаи пешқадаму маҳфили омӯзгорон ва ғайра. Вале ягонтои онҳо ба кори мунтазаму пайдарпаи худомӯзӣ баробар шуда наметавонад. Худомӯзӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ беҳтарин роҳи баланд бардоштани такмили ихтисоси кадрҳо шумурда мешавад. Бузургони ҷаҳонро худомӯзӣ бузург кардааст. Асоси худомӯзии муаллимро далелҳои зерин ташкил медиҳад:

 

– Ҳирси донишомӯзӣ;

– дӯст доштани бачаҳо;

– хоҳиши васеъ намудани доираи назар ва ҷаҳонбинӣ;

– мутахассиси баландихтисос шудан ва ғайра.

Мазмуни маълумот ва методҳои таълим хеле тағйир ёфт. Ҷомеа нисбат ба таълим дархостҳои нав гузошт. Ҳамаи ин ба муаллим ва вазифаи ӯ таъсир накарда намемонад. Худомӯзии муаллим ҳамон вақт самара мебахшад, ки агар кори мунтазаму пайдарпаи ӯро дар бар гирад ва аз рӯи нақшаи пешакӣ тартибдода гузарад. Мазмуни нақшаи худомӯзии педагогии муаллимро вазифаҳои таълимию тарбиявии мактаб, дараҷаи тайёрии муаллим муайян менамояд. Худомӯзӣ ба ҷустуҷӯи роҳҳои самарабахши ҳалли вазифаҳои муҳим, ки дар назди мактаб гузошта шудааст, нигаронида мешавад.  Аз ин нуқтаи назар асоси мазмуни худомӯзии муаллимро:

 

– зарур ва замонавӣ будани масъалаҳои омӯхташаванда;

– мувофиқати мавзӯи худомӯзӣ ба шароити мушаххаси кори муаллим;

– мувофиқати он ба талабот ва шавқу ҳаваси худи муаллим    

   ташкил медиҳад.

 

Дар адабиёти педагогӣ соҳаҳои зерини худомӯзии муаллим, ба назар гирифта шудаанд: оид ба педагогика ва психология, оид ба ихтисос, оид ба сиёсат ва оид ба илм. Маҷмӯи ин соҳаҳо мундариҷаи нақшаи худомӯзии муаллимро муайян менамояд.

 

Натиҷаҳои худомӯзии педагог дар марҳилаи муайяне метавонад  мавридҳои зерин бошанд:

  • баланд бардоштани сифати таълими, таҳия ва нашри дастурҳои методӣ, мақолаҳо, китобҳои дарсӣ, барномаҳо, сенарияҳо, таҳқиқотҳо;
  • таҳияи шаклҳои нави методҳо ва равишҳои таълим;
  • маърӯзаҳо, суханрониҳо;
  • таҳияи маводи дидактикӣ;
  • тестҳо ва асбобҳои айёнӣ;
  • ироаи тавсияиҳои методӣ доир ба истифодаи технологияҳои нави иттилооотӣ;
  • ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод, аз рӯйи методҳо ва технологияҳои нав ихтирои навгониҳо, таҳияи маҷмӯи корҳои педагогӣ гузаронидани тренинг семинар, конференсия ва дарсҳои намунавӣ, хулоса кардани таҷрибаҳо доир ба масъалаи мавриди таҳқиқ қарордошта.

 

Такмили маҳорати касбии муаллим дар шароити ислоҳоти соҳаи маориф аз муаллим талаб мекунад, ки муносибати худро нисбат ба тахассус ва равишҳои кор дар мактаб тағйир диҳад ба ҳаводис бо диди тоза нигоҳ карда, онҳоро арзёбӣ намояд. Такмили ихтисос, сайқал додани он, ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ кардани сатҳи дониш аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти педагог дар шароити муосир мебошанд.

 

Бахтиёр НОЗИМОВ,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар

ба номи Носири Хусрав