Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок ва вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону муҳассилин гузаронида мешаванд.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамин аст, ки чанде пеш кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии мақсаднок гузаронида, бо шароити таҳсил ва омадурафти донишҷӯён ба дарсҳо аз наздик шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ин таълимгоҳ яке аз муассисаҳои бонуфузи вилояти Хатлон ва умуман ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти донишгоҳи мазкур қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботи таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, донишу фаъолнокии донишҷӯёнаш дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботҳои марбутаи соҳаи маориф намунавӣ мебошад. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни ин донишгоҳ, риояи қоидаҳои либоспӯшӣ ва иштироки онҳо дар дарсҳо шоистаи таҳсин аст. Ҳамчунин, тозаву озода будани саҳни донишгоҳ ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он боз ҳусни дигар зам намудааст.

Дар суҳбат бо маъмурият ва донишҷӯёни ин донишгоҳ, ки пас аз гузаронидани чорабинии мақсаднок доир карда шуд, кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи таҳсилоти олӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки ин қонунҳо тамоми аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама волидонро вазифадор менамоянд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбият намоянд.

Дар идомаи ҷамъомад, ташкилкунандагони он оид ба пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории ҳамагири «Ковид-19», риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ибрози андеша намуданд.

Дар охири вохӯрӣ қайд карда шуд, ки донишгоҳ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия буда, омӯзгорони он бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.

 

Абдулло ШОҲИЁН,

нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ