Маркази тестии Донишгощи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иттилоъ медиҳад, ки дар сессияи имтиҳонии нимсолаи тирамоҳӣ дар донишгоҳ баргузории 3256 адад имтиҳон ба нақша гирифта шудааст, аз ин 3047 адад дар зинаи бакалавр ва 209 адад дар зинаи магистр доир мегардад.

Ҳамчунин 3047 адад имтиҳони зинаи бакалавр тавассути барномаи имтиҳонҳои марказонидашудаи ҷорӣ сурат мегирад.

Аз ин рӯ, масъулини факултетҳоро зарур аст, ки ҷиҳати омода будани ҷадвалҳои имтиҳонӣ, тартиб ва тасдиқи саволномаҳои онҳо мувофиқи низомномаи амалкунанда тадбирҳо андешанд.