17-18-уми декабри соли равон дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия миёни донишҷӯён дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 доир карда шуд.

Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулон ба донишҷӯён оид ба зарурати ҳатмии истифодаи ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ маълумот дода шуд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ баланд бардоштани маърифати донишҷӯён, махсусан истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ