Шоми 18 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он се нафар донишҷӯ ва як нафар омӯзгори Донишооҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик,  дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ – Фархунда Шодиева, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм гардид.

 

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ – Моҳинов Аҳмадзода, донишҷӯи ДДБ соҳиби ҷойи сеюм гардид.

 

Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Сорбон Бобоев, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм ва дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм гардид.

 

Дар охир,  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд  ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайти доварон  изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Маркази таҳлилӣ- иттилоотии ДДБ