Мардуми тоҷик аз азал дурӯғу буҳтонро маҳкум менамоянд ва ҳар кӣ тухми фитна кошта, дурӯғпароканӣ мекунад, хориҷ аз имону виҷдон медонанд. Гоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳои пур аз ғаразу носазогуфтаҳои шахсони фурӯхташударо вохӯрда, мақоли халқии “дурӯғгӯӣ торикии имон аст” пеши назар меояд. Алалхусус, агар чунин буҳтону туҳматро онҳое паҳн созанд, ки худро ҳомии дину эътиқодманд вонамуд мекунанд, нафрати аҳли башарро нисбат ба худ меафзоянд.

Касе, ки тафаккури ифротӣ дорад, воқеаҳоро фақат дар доираи танги ҷаҳонбиниаш ташреҳ медиҳад ва тасаввуроту тахайюли бемори хешро ҳақиқат мепиндорад. Барои чунин афроди беҳувият ҳақиқат ва воқеияти ҳол муҳим нест, балки ба ҳар васила бо бадномсозии афроди огоҳ, донишманд, хизматнишондодаи миллат таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сӯйи худ кашиданӣ мешаванд.

Дар сомонаи мамнӯъшудаи “Ислоҳ”, ки аз ҷониби Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович (Муҳаммадиқболи Садриддин) идора шуда, бо муҳтавои ифротиву экстремистӣ ва зиддимиллиаш бадном шудааст, пайваста матолиберо дучор омадан мумкин аст, ки иддаои болоро собит месозад. Зеро фитнаву дурӯғ, кинаву адоват, сафсатагӯиҳои зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳаки фаъолияти ин сомонаи бефурӯғу муаллифи тундраву бадахлоқашро ташкил медиҳад.

Аҳли фаҳм хуб пайхас кардаанд, ки М. Садриддин ҳамчун ғулом амру дастури хоҷагони хориҷиашро иҷро намуда, ватанфурӯш шудаву бо истифода аз овозаҳои беасос, туҳматҳои фаровон мекӯшад, ки “садоқаташ”-ро ба корфармо нишон диҳад.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар Тоҷикистон қаллобиҳои бисёреро анҷом додаву даҳҳо нафарро фиребида ва ҳамчунин бо ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом иртиботи ногусастанӣ дорад, бадкориҳои худро идома дода, ахиран дар сомонаи таҳти идорааш ва шабакаҳои иҷтимоӣ туҳматномаи навбатиашро ҷой додааст.

Дар “матлабе”, ки таҳти унвони “Ректоре, ки амакбачааш дар КДАМ ва холабачааш дар коррупсия” нашр шудааст, ин дафъа абри сиёҳи буҳтонҳоро болои шахсияти обруманд, доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ректори яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат Давлатзода Сайфиддин Хайриддин рехтанӣ шудааст.

Дар ин буҳтонномааш ӯ даъво мекунад, ки гӯё профессор С.Давлатзода бо директори Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Алихонов пайванди хешутаборӣ дорад. Бо тамоми масъулият изҳор медорем, ки ин хабар асоси воқеъ надорад. Аз сӯйи дигар, агар ҷаноби ректор чунин пайванди хешӣ дошта бошад ҳам, барои пешбурди корҳои илмию таълимӣ чӣ монеае вуҷуд дошта метавонад? Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ниҳоди давлатӣ бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи шахсро ба мансабҳое, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд, манъ намудааст (моддаи 9, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”).

Такроран таъкид медорем, ки ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳеҷ робитаи хешутаборӣ бо нафарони болозикр надорад ва паҳнсозии ин овоза бар фоидаи кисту чӣ ҳадаферо пайгирӣ менамояд, суоли боз боқӣ мемонад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав якбора ба роҳбарии ин муассисаи таълимӣ таъин нагардидааст, балки ҳамаи зинаҳои хизмати давлатию омӯзгориро гузашта, ба боварии роҳбарияти давлат сазовор гаштааст. Солҳои гуногун ба ҳайси ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, омӯзгори калон, дотсент, мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии ДАТ шуда кор кардааст. Рисолаи номзадӣ ва докториро солҳои 2005 ва 2013 дар шаҳри Новосибирск, шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Россия дифоъ намудааст. Олим, муҳаққиқи дар соҳаи биология ва экологияи кишоварзӣ эътирофшудаи тоҷик мебошад.

Солҳои 2009-2015 дар мақомҳои мутахассиси пешбар, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм шуда кор кардааст. Солҳои 2015-2018 дар вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2018 то моҳи январи соли 2020 дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” таъин шудааст.

Магар муаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ, се монография, 5 барномаи таълимӣ, 4 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимиро метавон як шахси дар олами илму маориф ношинохтаву каммаҳсул номид?!

Дар буҳтонномаи Муҳаммадиқболи беиқбол ҳамчунин гуфта мешавад, ки гӯё Сайфиддин Давлатзода дар шаҳри Душанбе соҳиби якчанд манзили зист мебошад, ки нодида гирифтани ин ҳарза аз рӯйи инсоф намебуд. Зеро нахуст, ректори донишгоҳ дар шаҳри Душанбе дар як манзили зист ҳамроҳ бо фарзандони баркамолаш зиста, дар шаҳри Бохтар – маҳалли ҷойи кораш хонаи шахсӣ надорад, балки иҷоранишин мебошад.

Ба маҳалгароӣ “гунаҳкор” намудани ректори донишгоҳ низ аз ҷумлаи туҳматҳои “болохонадор”-и Муҳаммадиқбол аст, ки ба ягон қолаби адабу мантиқ намеғунҷад. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳазорон нафар аз минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил мекунанд ва С.Давлатзода бахусус ба он донишҷӯёне, ки аз минтақаҳои дурдаст ба таҳсил омадаанд, ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир менамояд. Барояш мансубияти маҳаллӣ не, балки дониш, маҳорат, ахлоқ ва масъулиятшиносии донишҷӯ ва устоди донишгоҳ аҳамият дорад. Садҳо нафар ҳамкорону шогирдони профессор С.Давлатзода метавонанд ҳақиқати ин гуфтаро тасдиқ намоянд.

Овозаи дигаре, ки дар он туҳматнома зикр ёфтааст, “кашмакаши С.Давлатзода бо собиқ вазири маориф ва илм” мебошад, ки ба истилоҳи мардумӣ ин “фолбинӣ”-и Муҳаммадиқбол низ аз пуррӯию беимониаш дарак медиҳад. Магар бадгумониву фитнаангезӣ аз ҷумлаи бадтарини гуноҳон нест?! Сайфиддин Давлатзода дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи илмию омӯзгорӣ ва хизмати давлатиаш ҳамеша талош кардааст, ки бо дасту дили пок ба халқу Ватан содиқона хизмат кунад.

Ба маълумоти Муҳаммадиқболу дигар фитнаангезон мерасонем, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ тамоми имтиҳонот аз тариқи маркази тестӣ, бидуни ширкати омӯзгорони дарсдиҳанда, доир гардида, соли чандум аст, ки довталабон низ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон месупоранд ва шомили донишгоҳ мешаванд. Раёсати донишгоҳ мунтазам тамоми тадбирҳоро ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ва омилҳои он меандешад. Маоши моҳонаи устодони донишгоҳ яке аз баландтарин дар миёни муассисаҳои таълимии дигар ба ҳисоб меравад, ки он ҳам як роҳи ҷилавгирӣ аз фасод мебошад.

Мо яқин медонем, ки ба нашр расонидани чунин буҳтону ситезаҳо ҳадафи бадномсозии аҳли илму адаб, роҳбарияти муассисаҳои давлатии Тоҷикистонро дар пай дорад.

Ин найрангҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамсафони ифротии вайро худи мардуми тоҷик сари вақт пай бурда, дигар эътиборе ба дасисаҳои наҳзатӣ намедиҳанд.

Мусалламан, фаъолияти ӯ ва ҳамсафонаш ҳеҷ таъсире ба рифоҳу устувории ҷомеаи мо расонида наметавонад. Ҳоло мушкил танҳо сари баъзе ашхосест, ки дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият карда, масъалаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон ҷиддан наомӯхта, хулосабарории сарсарӣ мекунанд.

Вақти он расидааст, ки онҳо дар асоси далелу фактҳои мавҷуда хулосаҳои холисона бароварда, манофеи мардуми Тоҷикистон ва давлати моро ҳам ба эътибор гиранд. Чун Тоҷикистон ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, на ин ки ба қазия аз як паҳлу нигариста, натиҷагириҳои беасосу ҳангомасозонаи худро расонаӣ кунанд ва ба осиёби бадхоҳони кишвари мо об резанд.

Алорағми ҳама баду носазогӯиҳо, ҳарзаву буҳтонҳои зархаридони хориҷӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик, мо минбаъд низ барои рушди соҳаи илму маориф, ободониву пешрафти Тоҷикистони азизамон беш аз ҳар вақти дигар софдилонаву содиқона хизмат мекунем ва бо дастовардҳои шоёни таҳсинамон ба баромаду навиштаҳои иғвоангези носипосони миллат посухи сазовор хоҳем дод.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии

Донишгоҳи давлатии Бохтар

ба номи Носири Хусрав