Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” дар ҳошияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” намунаҳо аз рубоиёти Умари Хайём ва Ҳофизи Шерозӣ бо номи “Панди бузургон”- ро ба нашр расонида дастраси донишҷӯёни донишгоҳ гардонид.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фуруғи субҳи донои китоб аст» раёсати донишгоҳ барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳо меандешад. 

Нахуст, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  бо истиқоматкунандагони хобгоҳ ҷамъомад доир намуд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  дар баромади худ, қайд намуд, ки ҷавонони моро мебояд имрӯзҳо вақтҳои худро ба омӯхтани илм, китобхонӣ ва забономӯзию барномасозӣ сарф кунанд. Ҳар шахс аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлоқ омӯхта барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебандад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқиммати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонанд, то дар зиндаги душворие садди роҳи онҳо нагардад.

Ҳамчунин, Наргис Нурализода, раиси бонувони ДДБ ба номи Носири Хусрав, зимни тақсими китоб дар хобгоҳи донишҷӯён оид ба китоб пайвастану китобдӯст шудан баромад намуд.

“Китоб ганҷ, манбаи дониш, дӯст, ҳамсуҳбат ва раҳнамои кас мебошад. Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муққаддасот ба ҳисоб меравад. Он ба одам таассуроти амиқ бахшида чаҳонбиниашро бой ва ғанӣ мегардонад”, – раиси бонувони ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Бо ин ҳама метавон гуфт, ки китоб дар ҳаёти инсоният нақши бориз дошта, сарчашмаи ба камол расидан ва маърифатноку хирадманд шуда мегардад. Мо бояд дар ҳама ҳолат, дар ҳама ҷо, дар ҳама маврид талқинкунандаи китобу китобхонӣ бошем.

Дар охир, ба ҳар як истиқоматкунанаи хобгоҳ китоби “Панди бузургон” ройгон супорида шуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ