Сафиямоҳ Юсупова, хонандаи синфи 4-уми литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буда дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуд.

Дар маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Сафиямоҳ Юсупова, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъоли озмун ифтихорнома, Сертификат ва туҳфаи молӣ супорида шуд.

Сафиямоҳ Юсупова, бо тариқи шартнома дар литсейи ДДБ таҳсил мекард. Пас аз бозгашти озмун аз ҷониби А. Муминов, директори литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз супоридани шартномаи таҳсил озод гардид.

Сафиямоҳ ҳарчанд ҷойи ифтихориро гирифта бошанд ҳам руҳафтода нест. Ҳамроҳи муаллимааш Раҷабмоҳ Давлатова омодагии ҳамаҷониба мегирад.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ