Имрӯз 24-уми декабри соли 2020-ум дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ бо донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Абдураҳимзода Қудратулло, муовини ректор оид ба корҳои таълим, Фатҳулоев Икром, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии  ДДБ иштирок доштанд.

 

 

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, зикр намуд, ки дар раванди иҷроиши нақшаи раёсати робитаҳои байналмилалӣ оид ба пешбурди корҳо, ки масоили робитаҳо, ҷалб, таълиму тарбияи донишҷӯёни аз хориҷи кишвар таҳсилкунандаро дар бар мегиранд.  Дар баробари ба таълим фаро гирифтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, яке аз самтҳои фаъолияти ҳар муассисаи олии касбӣ хуб ба роҳ мондани робитаҳо бо хориҷи кишвар мебошад, ки ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва азхудкунии илмҳои муосир ва ғайраро дар бар мегирад.

 

С. Давлатзода,  дар рафти суханрониаш бо донишҷӯён аз он изҳори қаноатмандӣ ҳосил намуд, ки донишҷӯён аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба донишгоҳ дохил шуданд ва ин боиси ифтихор аст, ки аз муассисаи таҳсилоти олии кишвар донишгоҳи моро интихоб кардаанд.

Ректори донишгоҳ дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯёнро барои риоя кардани талаботи ягонаи донишгоҳ, сару либоси тавсиявӣ ва давомот дар дарсҳо огоҳ намуда, интизоми намунавӣ ва одоби саломдиҳӣ ба омӯзгорону меҳмонони донишгоҳро дар мадди аввал гузошт. 

Дар интиҳои вохӯрӣ вобаста барои иҷроиш ва назорати талаботи умумидонишгоҳӣ деканони факултетҳо ва шуъбаи ғоибона ва фосилавиро вазифадор карда шуданд.  Сипас, суҳбати ошкорои ректори донишгоҳ бо донишҷӯён доир гардид.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ