Бемории COVID-19, ки оҳистаоҳиста ба буҳрони иқтисодӣ мубаддал гаштааст, ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллии ҷумҳурии мо низ таъсири худро расонида истодааст.

 

Бастани сарҳади байниякдигарии бештари кишварҳо, ки маҳз ба воситаи онҳо интиқоли молу амвол ба амал меояд, ба таври назаррас фаъолияти кории бисёре аз ширкатҳои ҷаҳониро маҳдуд ва дар баъзан ҳолатҳо ҳатто онро пурра қатъ намудааст. Мувофиқи ояндабинии баъзе коршиносон, то охири соли 2020 сатҳи рушди молу маҳсулоти дохилии кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонад тақрибан аз 3,8 % то 1,1 % коҳиш ёфта, рушди иқтисодиёти давлатҳои тараққикарда ба андозаи 3,3 % низ кам гардад. Бояд қайд намуд, ки буҳрони молиявии COVID-19 ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвари мо таъсири бевосита ва ғайримустақими худро низ расонидааст. Тавре ба ҳамагон маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба се соҳаи асосӣ, ки онҳоро баъзан вақт иқтисоддонҳо «китҳои иқтисодӣ» меноманд, бештар такя менамояд, ки инҳо интиқоли маблағҳо, содироти алюминӣ, соҳаи кишоварзӣ мебошанд.

 

Дар маҷмӯъ бӯҳрони глобалии пандемия ба ҷумҳурии мо аз рӯи чунин унсурҳо ва як қатор омилҳои берунӣ таъсир расонидааст. Агар мо рушди воқеъии молу маҳсулоти дохилиро, ки ба сифати яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавриди таҳлил қарор диҳем, он дар соли 2020 ба андозаи то 5,5 % поён фаромадааст (дар муқоиса нисбати соли гузашта 7-7,3 %).

 

Вале ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бинобар сабаби устувор будани сиёсати пешгирифтаи молиявӣ ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалии донорӣ аз мушкилоти дар сатҳи баланд пастравии иқтисодиёт ва роҳ надодан ба таварруми тезҳаракаткунанда (хусусияти баландравии нархҳо аз 20 то 200 %), таварруми ҷаҳанда – гиперинфлятсия барояд. Вале мутаассифона, дар 6-моҳи соли 2020 афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти воқеӣ, камшавии интиқоли маблағҳо ва тадриҷан паст шудани сатҳи беқурбшавии асъори миллӣ ба мушоҳида мерасад. Аммо новобаста аз ҳамаи муаммоҳои ҷойдошта, молу маҳсулоти дохилии ҷумҳурии мо дар солҳои охир, аз он ҷумла дар муқоиса нисбати кишварҳои ИДМ рӯ ба афзоиш мебошад. Масалан, дар соли 2019 дар руйхати сегонаи пешвоҳо аз рӯи индекси молу маҳсулоти дохилии кишварҳои ИДМ дар қатори Арманистон (7,6%) ва Туркманистон (6,3%), инчунин Тоҷикистон (7,5 %), низ шомил шудааст. Мувофиқи маълумотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ дар соли 2019 дар кишвар «…соҳаи саноат ва хизматрасонӣ ба сифати омилҳои асосии ба рушди иқтисодӣ мусоидаткунанда ба ҳисоб мерафтанд, ки рушди иқтисодӣ маҳз аз ҳисоби ин соҳаҳо фаъолгардонии талаботро дар бозори дохилӣ таъмин намудаанд». Вале, дар соли 2020 дар бораи саҳми ин соҳаҳо дар рушди иқтисодӣ ҳамчун омили асосӣ сухан гуфтан шояд барвақтар бошад, зеро ки то охири соли ҷорӣ ин нишондиҳандаҳо метавонанд ба таври куллӣ тағйир ёбанд.

 

Новобаста аз вазъияти ба амаломада, дар муқоиса нисбати кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷумҳурии мо нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ хуб аст: яъне рушди иқтисодӣ дар муқоисаи солҳои пешин ба андозаи 2% кам гардида бошад ҳам, аммо 5,5 %-ро дар муқоиса нисбати 1,2 % кишварҳои ҳамсояи минтақа ташкил медиҳад. Дар ин ҷо нақши муҳимро чораҳои карантинӣ ва талафи бизнес дар ҷумҳурӣ бозид. Ҳукумати ҶТ низ нақшаи чорабиниҳо оиди пешгирии таъсири ба амал омадани тавакалҳоро ба иқтисоди миллӣ дар натиҷаи буҳрони молиявии COVID-19 коркард ва тасдиқ намудааст. Нақшаи зиддибуҳронии мазкур ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ, беҳдошти низоми хизматрасониҳои бонкӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз он ҷумла ёрмандиҳои қисмати муҳтоҷбудаи аҳолӣ, рушди истеҳсолот ва захираҳои намудҳои асосии маҳсулотҳои хӯрокӣ ва молҳои ниёзи аввали мардумро дар бар мегирад.

 

Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали ошкор гардидани пандемия ҳамаи чорабиниҳои заруриро оиди паҳн нагардидани вируси нави COVID-19 дар ҷумҳурӣ андешида истодааст. Муроҷиати Пешвои миллат-Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди мубориза бар зидди пандемия дар баромади ӯ дар сессияи аввали Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дохил карда шуд, ки он 17 апрели соли 2020 баргузор гардид. Зимни баромади Роҳбари давлат аз он ҷумла дар бораи чорабиниҳо оиди роҳ надодан ва мубориза бар зидди паҳн нагардидани вируси нав COVID-19, инчунин амалисозии дигар чораҳои иловагиро оиди ҳавасмандиҳои рушди иқтисодӣ барои бартараф намудани оқибатҳои пандемия қайд карда гузаштаанд. Ба ақидаи Пешвои миллат ҳар як порча замини тайиноти кишоварзӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бояд самаранок истифода гардида, коркарди хоҷагии меваҷоту полезиҳо ҷоннок гардонида, тараққӣ дода шаванд. Истифодаи оқилонаи заминҳои тайиноти кишоварзӣ бо роҳи дар як сол ба даст овардани 2-3 ва ҳатто 4-ҳосил метавонад зина ба зина ба нигоҳдории болоравии нархҳо дар бозори маҳсулоти озуқавории кишвар ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ мусоидат намояд.

 

Раҷабмурод ФОЗИЛОВ,

омӯзгори кафедраи менеҷмент