Худкушӣ, мутаассифона, аз падидаҳои номатлубе ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷомеа гоҳ-гоҳ ба чашм мерасад. Мутобиқи гуфтаи равоншиносон аксари онҳое, ки худкушӣ мекунанд, аз зиндагӣ ноумед буда, ба мушкилиҳои иҷтимоиву равонӣ дучор шудаанд.

 

Қариб ҳар касе, ки ҷиддӣ дар бораи худкушӣ фикр мекунад, дар ҳар ҳолате ҳам бошад, нияташро бо ҳаракатҳои худ ба атрофиён ошкор мекунад. Дар байни шахсоне, ки қасди худкушӣ кардаанд, аз 70% то 75% – и онҳо бо ҳар роҳе ақидаҳои худро ошкор намуданд ва ин ишораҳо барои атрофиён назарнорас буданд. Онҳо дар ҷустуҷӯи сухан гуфтан, яъне дарди дил иброз кардан мебошанд. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, кормандони иҷтимоӣ, табибон ва оила диққати мушаххасро барои дарки руҳияи пароканда харҷ намекунанд.

 

Дар бисёри мавридҳо хоҳиши худкушӣ кардан ва зид будан бар ин амал чунон баробаранд, ки агар дар ҳамон ҳолатҳо ӯро дастгирӣ карда, меҳрубонӣ намоянд, мумкин аст сатҳи худкушӣ кам шавад. Ҳар як кӯшишҳои худкуширо, бояд ҷиддӣ қабул намуд, новобаста аз он ки ба назар безарар менамояд.

 

-Таҳдиди худкушӣ ин як даъвати ғайриихтиёрӣ буда, интизори гирифтани ёрӣ, ҳимоя ва дахолат кардан аз атрофиён мебошад. Пас аз оне, ки аз ҷониби атрофиён дасти мадад дароз нагардид, инсон тарз ва вақти худкуширо ихтиёрмекунад, мегӯянд равоншиносон.

 

Аз ин рӯ, нисбати ин гуна суханон набояд беаҳмиятӣ зоҳир намуд. Сабабҳои худкушӣ зиёданд: мушкилотҳо дар ҳаёти шахсӣ, ҷанҷол, ҷудошавӣ, ишқи бебарор, бевафоӣ, фавти шахси наздиктарин, танҳоӣ, беаҳмиятӣ аз тарафи шахсони атрофбуда, аунтинг (овоза дар байни халқ дар бораи ҳаёти шахсӣ), худмаҳкумкунӣ барои рафтори нодуруст, тарси муҷозот шудан, худкушӣ барои ҳимояи номуси худ. Яке аз сабабҳои дигари сар задани чунин ҳодисаҳои нангин, махсусан худкушии ҷавонон ин надонистани Ислому Имон аст.

 

Агар онҳо донанд, ки «худкушӣ» бадтарину палидтарин гуноҳ аст ва нафари худкуш абадӣ дар Ҷаҳаннам аст, ба ин амал рӯ намеоранд. Баъзеи мо имрӯзҳо баҳона аз замону аз ҷаҳон менамоем. Гӯё ин замона гунаҳкор аст, на худи мо. Кор наёфтем-замона гунаҳгор, савод камӣ кунад- замона гунаҳгор, маблағ нарасид-замона гунаҳгор, нофаҳмие сар зад замона гунаҳгор. Чаро ҷавонони имрӯза дар камтарин сахтиву вазнинии зиндагӣ ва ҳатто баъзан калонсолон бо худ фарзандони ноболиғашонро ба қатл мерасонанд. Охир барои инсоният Холиқи башарият ақлу тафаккур иноят фармудааст. Пеш аз оне, ки ба ҳар як ҷою макон пой ниҳем, ё ба ҳар коре даст занем анеша бояд ронем аз оқибаташ.

 

Ҳар гоҳе садои худкӯшии ҷавоне ба гӯшам мерасад, худро ночору нотавон ҳис мекунам. Шояд мо мардуми дар муҳит буда, натавонистаем, ки он нафари дар гирдоби зиндагӣ раҳгумзада ё бехабар аз хешгаштаро бо андешаи солим аз роҳи хато баргардонем.

 

Бинобар ин, моро зарур аст, ки пайваста аз аҳволи ҳамдигар бохабар бошем ва дӯстону пайвандонро дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ фаромӯш насозем. Шояд як сухани самимонаю бародаронаи мо метавонад ӯро аз ин роҳи хато баргардонад.

 

«Фурӯғ»