Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.11.2020, №621) барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола барои дарёфти ҷоиза озмун баргузор мегардад.

   Мақсади сарфарозгардонӣ бо ҷоизаи давлатӣ  дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос нигаронида шудааст.

   Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд, коркард ва азхудкунии техника, кашфиёту ихтироот, ки тақвиятдиҳандаи рушди иқтисодиёт ва иқтидори мудоифиавии мамлакат мебошад, барои таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ, маводи таълимӣ-методӣ, омода намудани донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ дода мешавад.

   Ҳамчунин, ҷоизаи мазкур ба омӯзгорон барои навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ, мақолаҳои илмию методӣ, патент барои ихтироот, дастур ва китобҳои дарсии нашршуда, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, маҳорати асоснок намудани омӯзиши фанни таълимӣ ва методикаи таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (шабакаи ҷаҳонии интернет, проектор, тахтаи электронӣ), омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, муаррифии усулҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, фарҳанги муошират, сатҳи забондонӣ, ҳамкории омӯзгор бо хонанда, падару модар ва ҳамкорон тақдим мегардад. 

   Озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои олимон дар ду давр: дохилиидоравӣ (муассисае, ки олим дар он ҷо фаъолият мекунад) ва ҷумҳуриявӣ, барои омӯзгорон дар се давр: шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

   Мукофоти пулӣ барои ҳар як ғолиб 20 000 сомониро ташкил медиҳад. 

  Эзоҳ: Хоҳишмандон метавонанд Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро аз сомонаи Вазорати маориф ва илм –  www.maorif.tj дастрас намоянд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон