Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фаровонеро фароҳам овард, то мо ба меросу суннатҳои аҷдодиамон рӯй орем. Баъд аз он, ки кишвари азизамон соҳибистиқлол гардид, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ, маданию маърифатии он бо мамлакатҳои дуру наздик ба куллӣ тағйир ёфтанд.

 

Тоҷикистон равобити худро бо мамолики хориҷӣ мустақилона ба роҳ монд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёди муштарак пайдо шуданд. Фонди мубодилаи молии содиротию воридотӣ афзуд. Аз рӯи барномаҳои гуногуни байналхалқӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустии кишвар ва энергетикӣ корҳои зиёд баҳри таъмини омӯзиш ва баланд бардории ихтисоси кормандони ин соҳаҳо вусъат ёфт.

 

Рафтуомади шаҳрвандон ба мамлакатҳои хориҷӣ бо талаботҳои шахсию ҷамъиятӣ зиёд гардид. Аз ҳамин сабаб зарурияти донистани урфу одат, тарзи зиндагӣ, хусусиятҳои миллӣ забонҳои хориҷӣ ва эътиқоди миллатҳои гуногуни ҷаҳон пеш омад. Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Фурсати он расид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираи муносибатҳои маҳаллӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба муносибатҳои минтақавӣ ва

ҷаҳонӣ гузарад.

 

Бинобар ин, аз синфҳои ибтидоӣ сар карда, то мактабҳои олӣ хонандагону донишҷӯён бояд ҳангоми омӯхтани илм ва забони хориҷӣ дар бораи кишвари худ, минтақаи фарогири кишвар ва гузашта аз он дар бораи мамолики ҷаҳон маълумот дошта бошанд. Мо омӯзгорон замоне ба ин мақсад муяссар мегардем, ки аз барномаҳои забонҳои хориҷӣ бохабар бошем ва онҳоро дар ҷараёни таълим моҳирона истифода барем. Як моҳияти барномаҳои маълумоти глобалӣ аз он иборат аст, ки онҳо барномаҳои маҳаллии макотиби мамлакатҳои алоҳидаро бой мегардонанд.

 

Ҷорӣ намудани усулҳои самараноки таълим ба ҷомеаи демократӣ созгор буда, дар ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ва фаъолияти бомақсади фард саҳм мегузарад. Омӯзгор дар рафти таълиму тарбия нисбати шогирдон шахси боэътимод маҳсуб ёфта, дар замири хонандагон боварии комил доштанро тарбия менамояд ва барои муайян намудани мақсаду вазифаҳои ҳар яки онҳо ёрӣ мерасонад. Муҳимаш он аст, ки дар мавриди дарс гузаштан фикронии шахсии ҳар як толибилм ба инобат гирифта шуда, дониши онҳо мустаҳкам ва имконияти онҳоро бештар гардонидан лозим аст. Омӯзиш дар заминаи усулҳои нави интерактивӣ хонандагонро ба фаъолияти якҷоя омода сохта, ҳамкории ҳақиқии толибилмону омӯзгоронро таъмин менамояд.

 

Мувофиқи методҳои интерактивӣ, асосан дар вақти омӯзиш аз усулҳои «бозӣ», «саволу ҷавоб», «намоишдиҳӣ», «такони зеҳн» (ва ё худ ангезиши зеҳн), истифода бурда мешаванд, ки дар ин усулҳо бештар воқеият, ҳамгироии фанҳо, машқҳои амалӣ ба назар мерасанд, ки малакаю маҳорат, фикрронӣ, ба моҳияти мавзӯъ сарфаҳм рафтан, қобилиятҳои ҷӯяндагию созандагии толибилмонро инкишоф медиҳад.

 

Расидан ба қуллаҳои баланди дониш ба ҳама муяссар намегардад ва ин на аз он сабаб аст, ки шахсони алоҳида дар азхудкунии донишҳо қобилият надоранд, балки решаи ин муаммо дар усули таълими онҳо аст. Сарфи назар аз мушкилот дарс бояд шавқовар, диққатҷалбкунандаву дастрас бошад, шаклҳои сӯҳбати озод, сабқат, дарёфти муаммоҳо, баҳсу мунозира, бозиҳои шавқовар дошта бошад.

 

Дар замони ҳозира таълим нисбатан пурмасъулият буда, муаллим бояд худомӯзу такмилдиҳандаи касби хеш бошад, то талаби толибилмро қонеъ карда тавонад. Аз нуқтаи назари дар  боло зикршуда мақсади асосии кор пешниҳод намудани асосҳои назариявӣ-методӣ ва амалии технологияи кори иҷтимоии мактаб бо оила, ҷомеа ва истифодаи самараноки он дар амал мебошад.

 

Равшан ЭРГАШЕВ,

омӯзгори факултети забони англисӣ