dav

Имрӯз 28-уми декабри соли 2020-ум донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил мекарданд  бо роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Фатҳулоев Икром, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии  донишгоҳ аз осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон – “Авасто” дидан намуданд.   

Бинои осорхона аз ду ошиёна иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудааст.  Дар ин осорхона ашёҳо аз рузғор ва фаъолияти Қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти миссӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.

mde

Кормандон ва роҳбаладони осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон – “Авасто” ба донишҷӯёни хориҷӣ доир ба таърихи халқи тоҷик аз давраи қадимтарин то замони имрӯз маълумоти муфассал доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар қабатӣ якуми осорхона, ки таърихи давраи қадимтарин ва қадими халқи тоҷикро то асрҳои 3-2 пеш аз милод дар бар мегирифт дидан карданд.

Дар ошёнаи дуюми осорхона ёдгориҳои фарҳанги маънавӣ ва осори хаттӣ, бозёфтҳои археологӣ ва мероси маданияти мардумии таърихи тоҷикон аз асрҳои миёна оғоз гардида, то давраи соҳибистиқлолии кишварро бозгӯ мекард, ба донишҷӯёни хориҷӣ аз тарафи корманди осорхона ба пуррагӣ маълумот дода шуд.

dav

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ