Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба корҳои таълим, Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ чорабинии идона баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин Хайриддин зимни суханронӣ аҳли толорро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин аз оину амалҳои неки мардуми тоҷик ёдовар шуда, таъкид дошт, ки аз волотарини онҳо дасти кумак дароз кардан ба ятимону  ниёзмандон аст.

Дар чорабини аз ҷониби Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ба 48 нафар ятимони кулл, ба 54 нафар кормандони донишгоҳ, ба 6 нафар ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ба 4 нафар омӯзгороне, ки барои иштироки шогирдонашон дар озмун саҳм доштанд кумаки пулӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба 2 нафар ғолибони мусобиқаи  ҷумҳуриявии оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат”  кумаки пулӣ расонид.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар арафаи соли нави мелодӣ ба мактаб – интернати кӯдакони ятими ноҳияи Ҷ. Балхӣ 8 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳритуз 12 ҳазор сомонӣ кумак расонда шуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ