Дар ҳақиқат, об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагиро таровату покизагӣ мебахшад. Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодиву пурбаракотӣ ҳама ба об вобастагӣ доранд.

 Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббати зиёд ба табиат метавонад ватанпарвар бошад.

Одамони давраи қадим ҳаёти худро бо об вобаста кардаанд. Норасоии обро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунанд. Маҳз аз давраҳои қадимтарин одамон дар соҳилҳои бузурги дарёҳои Нил, Сиру Ому, Миссисипӣ, Волга, Рейну Дунай, Рангу Брахмапутра мезистанд ва барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд. Агар ба таърихи муборизаи халқҳо нигарем, онҳо барои ба даст овардани об чӣ қадар азобу машаққати зиёд кашидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ арз дошт: «Ҷойи баҳс нест, ки бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ дар соҳили дарёҳои серобу водиҳои ҳосилхез пайдо шуда, сипас, шуҳрати оламгир ёфтаанд». Мавриди зикри хос аст, ки аз соли 2000 то 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон маҷмааи Умумии СММ 7 лоиҳаро оид ба об қабул кард. Аз рӯи ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар маҷаллаи «Нигориши СММ» таҳти унвони «Об барои рушди устувор» (water for Sustavnable Derelopment) ба табъ расида, пешкаши хонандагон гардид. Масъалаи об-масъалаи муҳими глобалӣ ва миллӣ аст, ки паҳлуҳои зиёд дорад.

Об баъд аз ҳаво муҳимтарин моддаи мавриди ниёзи мавҷудоти зинда аст. Аз ин рӯ, мо бояд шукронаи ҳар як қатра оби ватанамонро кунем ва онро покиза нигоҳ дорем.

 

Фатҳулло БАҲОДУРОВ,

донишҷӯи курси 3-юми факултети химия ва биология