Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар ҳолати ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ки албатта аз проблемаҳои ҷаҳони муосир дар канор буда наметавонад, зеро дар ҳар як давлат ҷабҳаҳои нигаронкунандае мавҷуд аст. Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор гуррӯҳои экстремистӣ пайдо шуданд,

ки дорои мақсадҳои ғаразнок мебошанд.

 

Бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ин самт муборизаҳои гуногунро ҳам дар дохили давлат ва ҳам дар хориҷи кишвар ба роҳ мондааст. Яке аз роҳҳои мубориза дар самти фаъолияти экстремистӣ ин дар низоми қонунгузории кишвар эътирофи тамоми фаъолияти экстремистиро ҷиноят эътироф кардан буда, ҷавобгарии ҷиноятиро дар Кодекси ҷиноятӣ муқаррар кардааст.

 

Инчунин, мувофиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо иштирокчии бевоситаи Конвенсияи СММ оиди мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ташкилии мубориза бар зидди экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, ки он аз ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати даалатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ, таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ иборат аст.

 

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам пурзур кардани мубориза бар зидди фаъолияти эктремистӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти бевоситаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ташкил карда шудааст, ки дар фаъолияти бевоситаи худ ин мақомот муборизаҳои гуногунро дар самти масъалаҳои мазкур

пеш мебаранд.

 

Аз гуфтаҳои дар болозикршуда хулоса кардан мумкин аст, ки дар сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ принсипҳои кодекси ҷиноятӣ пурра ба назар гирифта шуда, барои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ дорад.

 

Давлаталӣ САИДОВ,

магистри факултети сиёсат ва идораи давлатӣ