Пайдоиши миллату давлатҳо ва аҳли диндорону дигар аъзои ҷамъияту ҳизбҳо низ самараи ҳамкорӣ ва тақсимоти меҳнати фардҳои алоҳида мебошанд. Ҳаракатҳои алоҳидаро ҳамчун хоҳиш ва мақсадгузории онҳо шинохтан ва эҳтиром кардан лозим аст.

 

Дар ин самт моро зарур аст, ки пешвоён, мардони соҳибҳунари касбиеро ба воя расонем, тарбия намоем, ки ҳаракатҳо ва мақсадҳои бузурги касбиро барои имрӯзу оянда гузошта тавонанд. Ҳокимият ва роҳбарию пешсафӣ муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки ба сатҳи самаранокии идоракунӣ таъсири зиёд мерасонанд.

 

Роҳбари ҳар як корхона бояд фаъолияти мақсадноки тобеонашро идора намуда, онҳоро барои самарабахш ҳал намудани вазифаҳои дар назди коллективӣ меҳнатӣ гузошташуда сафарбар намояд. Аммо амалӣ шудани ин майлу хоҳиши роҳбар, пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки роҳбар то чӣ андоза ҳокимияти ҳақиқӣ дорад ва ҳуқуқу ваколатҳояшро барои таъсир расонидан ба рафтори тобеъон чӣ тавр ва дар кадом ҳолат истифода мебарад. Аз ин рӯ, имконият ва қобилияти таъсир расонидан ба рафтори одамон ҳокимият номида мешавад.

 

Ҳокимият – ин функсияи вобастагии дуҷониба аст. Аз як тараф, онҳое, ки онро бо чашми кордонӣ ва дар ҳолати зарурӣ бо мақсади таъсиррасонӣ ба рафтори кормандон моҳирона истифода мебаранд ва аз тарафи дигар ин функсия барои онҳоест, ки ҳокимият ба онҳо таъсир мерасонад. Маҳз вуҷуд доштани ҳокимияти ҳақиқӣ ва истифодаи ҳуқуқу ваколати идора кардани одамон дар раванди истеҳсолот яке аз шартҳои муҳим ба шумор мераванд.

 

Ин ҳуқуқу ваколати таъсир расонидан ба рафтори тобеъонро на танҳо роҳбар, балки тобеон низ доранд. Дар навбати худ, тобеон низ тибқи талаботу мазмуни қонунҳои амалкунанда дар иҷрои корҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, фориғболию бепарвоӣ зоҳир накарда, набояд роҳбари корхонаро дар ҳолати ногувор гузоранд.

 

Бо назардошти ин ва як қатор далелҳои дигар, роҳбарон ва ҳамзамон тобеони онҳо танҳо дар доираи ҳокимияту ваколатҳои амалкунанда саъю кӯшиш мекунанд, ки фаъолияти меҳнатиашонро барои ҳаллу фасли мақсади асосӣ ва ягонаи корхона равона созанд. Дар асоси нуктаҳои қонунҳои мавҷуда дар мамлакат, ҳар як корманд боварӣ дорад, ки роҳбар танҳо дар асоси ҳуқуқи баробар, ки қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба ӯ додааст, амал кунад, фаъолияти озод ва ҳимояи манфиатҳои онҳоро кафолат диҳад.

 

Ҳар як роҳбар кӯшиш менамояд, ки ҳамчун пешвои ҳақиқӣ аз ҷониби дигарон эътироф гардад ва мавқеи пешсафиро ба даст оварад. Пешсафӣ санъатест барои таъсир расонидан ба рафтори одамоне, ки онҳо ба таври ихтиёрӣ ва бо хоҳиши худашон ба як самти муайян ҳаракат мекунанд. Самарабахшии фаъолияти ҳар як корхона аз пешсафии роҳбари он вобастагии калон дорад.

 

Азиза ДУСМАТОВА,

мутахассиси шуъбаи тарбия