Дарси муаллим худ сабақи одаму одамгарист. Чун муаллим гуфтораш пур аз панду андарз аст.

Инро мо донишҷӯён борҳо таҷриба намудем, зеро замоне ки дарси гурӯҳои 301-302 ихтисоси педагогика ва психологияи фосилавӣ оғоз гардид, тамоми гуфтаҳои болоро дар сабақи омӯзгорон Ҷ. Ёров, Д. Шарипов, П. Раҳмонова, С. Салимбекова, Ш. Шарифзода, У. Хоҷаев баръало мушоҳида намудем. Вақте ки омӯзгорон вориди синфхона мегардиданд, бо як самимияту методи ба худ хос дарсро оғоз мебахшиданд. Бароямон гӯш кардани суханҳои онҳо ибратбахш аст. Ҳарчанд, ки бештари донишҷӯёни гурӯҳои фосилавиро кормандон ва касбу кори гуногун, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ медиҳад, аммо дарси устодони варзидаи донишгоҳ ҳаловати дигаре дорад.

 

Ҳангоме, ки устод Д. Шарипов дар факултети педагогика ва варзиш аз фанни мантиқ дарс медиҳад, донишҷӯ худро дар олами пур аз розу ниёз пур аз шебу фароз хуллас оламе, ки фаҳмидану дарк кардани мантиқ тасаввур менамояд. Қобили зикр аст, ки мо донишҷӯён аз сабақи чунин омӯзгорон ғизои маънавӣ гирифта, дар оянда баҳри пешбурду фаъолияти касби омӯзгорӣ истифода хоҳем кард.

 

Касби омӯзгорӣ худ тарбия намудану соҳибмаърифат кардани хонанда мебошад ва донистани фанни психология ба омӯзгор шарт ва зарур аст. Аз ин рӯ,омӯзгор бояд дар баробари донистани дигар фанҳо, бояд донандаи хуби фанни равоншиносӣ бошад.

 

Ин хусусиятҳоро метавон дар дарси муаллима П. Раҳмонова  мушоҳида намуд. Вақте  ки муаллима  дарс медиҳад, чунин ба назар мерасад, ки гӯё хусусияти равонии тамоми донишҷӯёнро медониста бошанд. Мувафиқи табъи ҳар яки мо донишҷӯён сухан мегӯяду дарсро ҷолибу диданӣ мегузаранд.

 

Хуллас, мо аз ин дарсгузаштанҳо ба худ ғизои маънавӣ гирифтему изҳори сипосу қаноатмандии худро ба чунин омӯзгорони олиму фозил, донишманду хирадманд менамоем.

 

Гулизор НАЗАРОВА

Гулниссо АБДУРАҲИМОВА

Гулру ФАЙЗУЛЛОЕВА

Зулайхо САИДОВА,

донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав