Падар. Зери ин ном симои нафаре пеши назар ҷилвагар мешавад, ки сутуни хонадон асту такягоҳи фарзандон. Оре, волидон файзу баракати хонадонанд. Дуои онҳо доим ҳамсафари умри мо дар ҳаёт аст. Падар қиблагоҳи хонадон, пару боли оила, пайдокунандаи ризқу рӯзӣ ва хурсандии аҳли хонавода мебошад.

 

Боре дар қиссае хонда будам: Пирамарди 80-сола бо писари 45-солаи худ дар хона нишаста буданд. Ногаҳон зоғе ба шохи дарахти назди онҳо нишаст. Падар аз фарзанд пурсид:

 

– Ин чӣ аст?

 

Писар посух дод:

 

-Зоғ.

 

Пас аз чанд дақиқа падар боз дубора пурсид:

 

– Ин чӣ аст?

 

Писар гуфт: Падар, ман ҳамин ҳоло гуфтам, ки ин зоғ аст. Баъд аз таваққуфи кӯтоҳе падар бори дигар пурсид: Ин чӣ аст? Писараш асабонӣ шуд ва бо ҳамон ҳолат гуфт: Зоғ аст, зоғ. Падар аз ҷояш ба зӯр хеста, ба ҳуҷраи хобаш рафт ва бо дафтари хотироти қадимааш баргашт.

 

Саҳифаеро боз карду ба дасти писараш дод ва гуфт, ки онро бихонад. Он ҷо чунин навишта буд: Имрӯз писари азизи ман се сол дорад ва рӯи кат бо ман нишастааст. Ҳангоме, ки зоғ ба шохи дарахт нишаст, ӯ аз ман 23 бор пурсид, ки ин чӣ аст? Ман гуфтам, ки номи ин зоғ аст. Ҳар бор, ки ӯ аз ман мепурсид, бо меҳр бағалаш мекардам ва ба ӯ ҷавоб мегуфтам. Ҷолиб ин буд, ки асло асабонӣ намешудам, баръакс, меҳраш ба дилам бештар ҷо мегирифт.

 

Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки бисёр ҷавонон падари худро ҳурмату эҳтиром намекунанд. Ин қабил ҷавонон бояд донанд, ки ҳурмату эҳтироми падарро ба ҷо наовардан, нисбат ба онҳо дағалона рафтор кардан, гуноҳест азим. Бе падар инсон ба сахтиҳои зиёди рӯзгор дучор мегардад. Падар моро ба роҳи инсону инсондӯстӣ, ростиву ростқавлӣ, дӯстиву рафоқат ва бо роҳи мустақили зиндагӣ ҳидоят мекунад. Зиндагӣ бе волидайн маъное надорад, зеро падару модарро сутуни хонадон меноманд. Зиндагии ҳар шахс аз батни модар сарчашма мегирад. Модар нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз тифлро дар батнаш нигоҳ дошта, аз рӯзи тавлидаш бо навозишу хониши суруди «Алла» фарзандашро калон мекунад.

 

Падар низ дар тарбияи фарзанд саҳми арзандае дорад, зеро падар бо панду насиҳатҳои худ барои фарзанд намуна мебошад. Вале боз фарзандоне ёфт мешаванд, ки ҳурмати волидайнро ба ҷо намеоранд, ба эшон гапгардонию забондарозӣ мекунанд, ки рафтори фарзанд падару модарро аз зиндагии ширин дилсард мекунад ва аз руйи он фарзанди нохалафи худ дар байни мардум беобрӯ мешаванд. Падар ба монанди боғи мевадоре мебошад ва фарзандон меваҳои онанд. Чунончӣ мисли дарахт фарзандро аз фалокатҳои рӯйи замин эмин нигоҳ медорад ва дар оянда аз фарзанд нигоҳубини хубро интизор аст. Зеро фарзанди хуб метавонад асои пирӣ барои падар бошад. Бузурге хело барҳақ фармудааст:

 

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,

Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.

Падар дар кӯдакӣ бо шавқи дил дасти писар гирад,

Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

 

Бояд ҳеч гоҳ фаромӯш насозем, ки падар шабу рӯз даст боло карда, аз Худованди таборак ва таъоло ба фарзанди худ тани сиҳату вақти хуш, зиндагии ободу фарзандони зиёдеро талаб менамояд. Ба қадри падари хеш бирасед, рӯзе мешавад, ки шумо низ падар мегардед.

 

Самандар РАҶАБАЛИЗОДА,

омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ