Шӯрои диссертатсионии 6D. KOA – 051 дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дорад, ки дар он Имомализода Баҳодур Бобомуродов, омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуд.

Имомализода Баҳодур Бобомуродов, омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар мавзӯи “Ташаккулёбии маблағгузориҳои хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйи ихтисоси 08.00.10 – молия, гардиши пул ва карз, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, зери роҳбарии Пиризода Ҷалил Сафар, академики Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳимоя гардидааст.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ