Дар таркиби организми инсон зиёда аз 70 элементҳои химиявии  системаи даврии Д.И.Менделеев мавҷуд аст, ки аз ин миқдор 10 тои он ҳамчун металл “Металлҳои ҳаёт” мебошанд ва онҳо дар организми инсон вазифаҳои муҳими биологиро иҷро менамоянд. Ин металлҳо дар организм ҳамчун ион вомехӯранд. Ин металлҳо калсий, калий, натрий, магний, оҳан, руҳ, мис, манган, молибден ва кобалт мебошанд.

Нақши калсий дар организми инсон дар равандҳои мураккабтарин аз қабили лахташавии хун, танзими қобилияти гузариши мембранаҳои ҳуҷайра, танзими равандаҳои дохили ҳуҷайра, танзими равандҳои кашишхӯрии мушакҳо ва гузаронидани асаб, нигоҳ доштани фаъолияти мӯътадили дил, ташаккули устухонҳо, минерализатсияи дандонҳо ва ғайраҳо. Металли калсий бештар дар таркиби донагиҳо, шир, вомехуранд. Калсий қисми муҳими организми инсон аст, зеро миқдори бештари он дар таркиби устухон мавҷуд аст. Миқдори умумии он дар организм тақрибан 1,4% -ро (1000 г он ба 70 кг вазни бадан) ташкил медиҳад. Норасои калсий дар организм ба бемориҳои аллергӣ ва суст инкишоф ёфтани усухон оварда мерасонад. Фаъолияти ферментҳо ва ғафсшавии хун низ ба калсий вобаста аст.

Калий иштирокчии ивазнашавандаи бисёр равандҳои мубодилаи моддаҳо мебошад. Калий барои нигоҳ доштани худкоркунии кашишхӯрии мушаки дил аҳамияти калон дорад. Ионҳои калий қисми асосии дохилиҳуҷайрагӣ ба ҳисоб меравад. Калий дар муқоиса бо дигар маҳсулот дар зардолуи хушк,анҷир,мандарин, афлесун, картошка, шафтолуи хушк, шалғам, гулҳои гулобӣ,қулфинай, тарбуз, лӯбиё, чормағз ва ғайраҳо вомехурад. Талаботи ҳарӯзаи калий барои калонсолон 2-3 г дар як шабонарӯз ва кӯдакон 16-30мг ба 1кг вазни бадан рост меояд. Норасоии калий дар бадан пеш аз ҳама халалдоршавии системаи асаб, мушакҳои дил, вайроншаии ҳаракат, ларзиши дасту пойҳо, тапиши сусти дил ва ғайраҳо оварда мерасонад.

Манбаи асосии натрий намаки ош мебошад, таркиби химиявии намаки ош аз элементҳои натрий ва хлор аст. Натрий дар организми инсон ба воситаи хӯрок, хуриши салатҳо дохил шуда организм натрийро ҳамчун ион қабул мекунад. Ионҳои натрий қисми асосии беруназҳуҷайрагиро ташкил медиҳад.Талаботи ҳаррӯзаи инсон ба натрий 4-6 грамм аст. Ғизои шӯр бештар бояд бо арақи зиёд ҳангоми меҳнати вазнини ҷисмонӣ, аз ҳад зиёд гарм шудан аз бадани инсон хориҷ мешавад. Ғизои сабуки намакин барои ревматизм, диабети қанд, фарбеҳшавӣ, шикастани устухон, бемориҳои системаи дилу рагҳо, гурда, ғадуди зери меъда, ҷигар, баъзе бемориҳои меъда тавсия дода мешавад. Ионҳои натрий дар аксари узвҳо, бофтаҳо ва моеъҳои бадани инсон мавҷуд аст. Ионҳои натрий барои нигоҳ доштани тарзи ҳаёти обии организм низ нақши муҳимро мебозад. Намакҳои натрий инчунин мувозинати фишори осмосиро дар ҳуҷайраҳо муқаррар карда, ба нақши ферментҳо таъсири калон мерасонад.

Нақши муҳимтарини биологии магний ба амалиётҳои фотосинтез алоқаманд аст. Магний дар таркиби хлорофили растаниҳо, ки аз рӯи сохти худ ба гемоглобин монанд аст, дохил мешавад. Инсон магнийро ба организм ба воситаи ғизои растанигӣ ворид менамояд. Дар бадани инсон ба ҳисоби миёна 20-30 миллиграм мавҷуд аст. Ионҳои магний барои танзими бофтаҳои мушак ва асаб муҳим аст. Бо иштироки ионҳои магний дар организ зиёда аз сесад реаксияи ферментативӣ ба вуҷуд меояд. Дар равандҳои синтези сафеда  нақши ионҳои магний дар истеҳсоли ДНК мебошад.

Оҳан дар организми зинда низ нақши калонро мебозад.Ионҳои оҳан дар ҳуҷайраҳо нақшеро иҷро мекунанд, ки ба равандҳои гузариши электронҳо алоқаманд аст. Ин раванд барои организм хеле муҳим аст, чунки дар вақти гузариши электронҳо аз як ҳуҷайра (ситохром) ба дигараш энергияи онҳо қисман дар молекулаҳои кислотаи аденазинтрифосфат (АТФ) ҷамъ карда мешавад ва минъбад истифода мешавад. Ғайр аз ин бо иштироки ионҳои оҳан гузариши оксиген ба ҳуҷайраҳо бо ёрии гемоглобини хун амалӣ мешавад. Бе иштироки оҳан гемоглобини хун аз худкунии оксигени ҳаво аз тарафи шуш хеле мушкил аст. Норасогии оҳан дар организм ба касалиҳои гуногун, аз он ҷумла анемия(камхунӣ), оварда мерасонад.

Дар организми зинда мис ба миқдори на он қадар бисёр вомехӯрад. Ионҳои мис ба таркиби сафедаҳо ва баъзе ферментҳо дохил аст. Дар организм пайвастагиҳои мис барои синтези гемоглобин ва фосфолипидҳо зарур аст. Норасогии мис дар организм сабаби касалии анемия (камхунӣ) шуда ва барзиёдаш ба ҷигар зарар меоварад. Ионҳои мис фаъолияти ферментҳоро зиёд  карда, барои синтези қанд, крахмал, сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинӣ, витаминҳо ва ферментҳо шароити фароҳам меоваранд.

Манган дар организми зинда нақши муҳимро мебозад. Ионҳои манган дар организми бофтаҳои растаниҳо ва ҳайвонот вомехӯрада ба фаъолияти биологии онҳо таъсири калон мерасонад. Ионҳои манган фаъолияти бисёр ферментҳоро таъмин мекунад, ҳосилшавии хлорофилро метезонад, раванди ҳосилшавии хунро беҳ мекунад, ба ҳосилшавии антителаҳо кӯмак мерасонад, муқовимати организмро ба таъсири микроорганизҳои касалиовар (масалан, баъзе бактерияҳо) зиёд мекунад. Ионҳои манган инчунин барои синтези сафедаҳо зарур аст. Талаботи шабонарӯзаи одами ба балоғат расида ба манган 8мг-ро ташкил мекунад.Аз маҳсулотҳои хӯрока манган бештар дар лаблабу, помидор, нахӯд, картошка бисёр аст. Ионҳои манган миқдори қандро дар организм кам мекунад, бинобар ин метавонад ба касалии диабет монеъ шавад, ба афзоиши касалии атеросклероз низ монеъ шуданаш мумкин аст.

Нақши биологии кобалт низ муҳим мебошад. Ионҳои кобалт ба таркиби комплексҳои махсус дохил буда, дар синтези гемоглобини хун иштирок мекунад. Инчунин дар амалиёти витамини В12 низ иштирок мекунад.

Сулаймон  ҒАФОРЗОДА,

асистенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ