Чи хеле, ки таҷриба нишон медиҳад, дар шароити имрӯзаи ҷомеа курси тайёрии ҳамчун сохтор оид ба тайёр намудани шунавандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ шарт ва муҳим аст. Аммо бо мақсади дар сатҳи баланд ва ҷавобгу тайёр намудани довталабон ба мо лозим меояд, ки муносибат, роҳу равиш ва тарзу усули корро бояд дигар намоем. Яъне, талаботи муносибатҳои бозори иқтисодиро ба инобат гирифтан лозим меояд.   Бо таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои соҳаи маорифи кишвар ва тағйир ёфтани авзои омӯзишу парвариш ва дигар шудани тариқи пазириши довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  кишвар зарурати таҳия ва тадвини курсҳои тайёрӣ пеш омадааст, ки дар ин замина  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мувофиқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  № 05/5-630 аз 30.09.2014 аз рӯйи панҷ  кластер шурӯъ аз соли таҳсили 2014-2015 шуъбаи тайёриро роҳандозӣ намудааст.

Бояд зикр кард, ки солҳои қабл низ шуъбаи тайёрӣ фаъолият мекард, аммо кори он самаранок набуд. Баъд аз он, ки соли 2014 довталабон аз тариқи ММТНПҶТ вориди донишгоҳҳои кишвар гардиданд, кори ин шуъба ба маротиб фаъол гардид.

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 шунавандагони шӯъбаи тайёри бо тариқи зайл буд:

Кластери 1 табии ва техникӣ 3 нафар

Кластери 2 иқтисод ва география 17 нафар

Кластери 3 филология, педагогика ва санъат 4 нафар

Кластери 4 ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ 28 нафар

Кластери 5 тиббӣ биологӣ ва варзиш 139 нафар, дар ин кластер имтиҳони гурӯҳбанди баргузор гардида ба панҷ гурӯҳ тақсим карда шуд.

Аз шумораи 191 нафар шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ дар соли таҳсили 2019-2020 ғайр аз 12 нафар боқи ҳамаашон ба колеҷу донишгоҳҳои Ҷумҳури дохил шудаанд. Аз 12 нафар шунавандагоне, ки мондаанд ин ҳам бошад талабагони синфҳои 10-ум мебошанд ва то ҳол таҳсилро идома дода истодаанд.

Дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 шунавандагони шӯъбаи тайёри дар айни ҳол чунин мебошад.

Кластери 1 табии ва техникӣ 3 нафар

Кластери 2 иқтисод ва география 2 нафар

Кластери 3 филология, педагогика ва санъат 1 нафар

Кластери 4 ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ 8 нафар

Кластери 5 тиббӣ биологӣ ва варзиш 73 нафар, дар ин кластер имтиҳони гурӯҳбанди баргузор гардида ба панҷ гурӯҳ тақсим карда шудааст.

Ҳамагӣ дар шӯъбаи тайёрӣ 87 нафар дар 5 кластер таҳсил намуда истодаанд.