Маркази тестӣ (МТ), аз 25.12.2017 ин тараф дар мутаҳиддӣ бо собиқ маркази имтиҳонгирӣ компютерӣ (МИК) ва маркази бақайдгирӣ ва машварат (МБМ) амал менамояд. Марказ дорои низомнома, нақшаи корӣ, дастурамали вазифавии кормандон ва сохтори алоҳидаи худ мебошад. Мусалам, ки ҷомеаи имрӯзаи муосирро айни ҳол  ҷаҳонишавии босуръат фаро гирифтааст. Албата соҳаи маориф ҳам аз ин ҷаҳонишавӣ барканор монда наметавонад. Аз ин лиҳоз, вобаста ба ҷаҳонишавии соҳаи маориф гуфтан мумкин аст, ки маркази тестӣ дар донишгоҳ тадбиқи се ҳадафро ба уҳда дорад:

1-ум тадбиқи “Низоми нави таълим” – кредитӣ  аз соли 2008;

2 -юм “Низоми нави имтиҳогирӣ” – ИМҶ- аз соли 2014;

3-юм “Таъмин намудани барнома ва муосиртарин технологияи компютерӣ”  ба хотири рушди сифати таълим;

Маркази тестӣ дар асоси нақшаи кории худ, ки дар мувофиқа бо нақшаи раёсати донишгоҳ омода гардида аз тарафи сардори раёсати таълим тасдиқ гардидааст, корро ба роҳ мондааст. Дар марказ ҷамъ 47 нафар кормандон кору фаъолият мекарданд, ки бевосита ба пешбарии раванди таълим ва татбиқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори донишгоҳ машғул буданд. Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2020 маркази тестӣ ба се сохтор маркази тестӣ, маркази бақайдгирӣ ва машварат ва маркази технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ ҷудо гардид.

Маркази тестӣ дар давоми соли 2020 шуруъ аз моҳи январ то моҳи декабр тибқи нақшаи кории худ ва тақвими академии ихтисосҳои амалкунанда як қатор тадбирҳоро амалӣ намудааст. Масалан, дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои амалкунанда каталоги фанҳои интихобиро барои нимсолаи баҳории соли таҳсили 2019-2020 тайёр намуд, дар асоси нақшаҳои кории таълимӣ контингенти фанро барои ҳамаи ихтисосҳо омода карда дар барномаи имтиҳонӣ ворид сохт, дар мувофиқа бо деканати факултетҳо контингенти донишҷӯёнро барои ҳамаи курсҳо ва ихтисосҳои амалкунанда омода карда, дар барномаи имтиҳонӣ ворид сохт, дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо барои ҳамаи фанҳои таълимӣ вобаста ба кредиташон саволномаи тестӣ омода сохта ба барномаи имтиҳонҳои марказонидаи ҷорӣ ворид намудан ва ғайра.

Тибқи тақвими академӣ аз 26.03.2020 то 01.04.2020 ҳафтаи натиҷагирии рейтинги якум ҷараён гирифт. Бахши бақайдгирии марказ вобаста ба холҳои гузоштаи омӯзгорони дарсдиҳанда баъди натиҷагирии барнома варақаҳои рейтингӣ омода карда, холҳои соҳибшудаи донишҷӯёнро эълон карданд. Ҳамарӯза давомоти ҳафтаи натиҷагирии рейтинги якум санҷида шуда, натиҷааш ба раёсат ахбор дода мешуд. Ба ҳисоби миёна давомоти ҳафтаи натиҷагирии рейтинги якум 98,6%- ро ташкил медод, ки ин вобаста ба факултетҳо чунин аст:

Соли таҳсили 2019-2020 дар донишгоҳ 39 гуруҳ аз курсҳои чорум бо шумораи 989 нафар донишҷӯ ва 19 гуруҳ аз курсҳои панҷум бо шумораи 483 нафар донишҷӯ ҷамъ 58 гуруҳ 1472 нафар донишҷӯ сессияи имтиҳониро супурданд. Маркази тестӣ барои ҳамаи гуруҳҳо ва ихтисосҳои хатмкунанда маводи имтиҳонӣ омода карда, чоп намуд ва тавасути барномаи ИМҶ сессияи тобистонаи ихтисосҳои хатмкунандаро гузаронид. Аз 52 нафар қарздорони сессияи фаъол 2 нафар хориҷ шуда, 50 нафари дигар дар сессияи иловагӣ такроран имтиҳон супориданд ва ба имтиҳони давлатӣ роҳ ёфтанд.

Тибқи тақвими академӣ маркази тестӣ омодагиҳоро ба рейтинги дуюм ки мебоист рузҳои 25.05.2020 то 30.05.2020 ва сессияи имтиҳонии курсҳои 1,2,3, ки мебоист 04.06.2020 то 24.06.2020 баргузор гардад, дуруст ба роҳ монда, тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Вале бояд гуфт, ки бо назардошти паҳншавии пандемияи коронавирус “COVID-19” дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти саломатии омӯзгорону донишҷӯён ва ҳарчи зудтар анҷом додани фаъолияти таълимии онҳо дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 ба таътили тобистона аз 04.05.2020 рухсат дода шуда, сессияи имтиҳонии донишҷӯён аз рӯи холҳои бадастовардаи онҳо дар рейтингҳо баҳогузорӣ карда шуд.

Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2020 бо дастури Раёсати донишгоҳ маркази тестӣ низоми нави имтиҳонсупориро ба нақша гирифта амалӣ намуд, ки имтиҳонҳои ҷорӣ тавассути технологияи компютерӣ ба таври электронӣ қабул карда мешаванд. Маркази тестӣ дар нимсолаи тирамоҳии соли таҳсили 2020-2021 барои 408 гуруҳ, 11959 нафар донишҷӯ, 3047 имтиҳон аз рӯи 962 фанни таълимӣ ба нақша гирифтааст. Ҳамаи саволномаҳои тестӣ дар барномаи ИМҶ ворид карда шудаанд. Марказ дар мувофиқа бо факултетҳо ҷадвали рафти имтиҳонҳоро омода карда, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба тасвиб расонидааст. То ин муддат рейтинги 1 аз 6.10.2020 то 12.10.2020 ва рейтинги 2 аз 3.12.2020 то 9.12.2020 тавасути барномаи журнали электронӣ натиҷагирӣ карда шуда, дар барномаи имтиҳонҳои марказонидаи ҷорӣ (ИМҶ) ворид карда шуданд. Сессияи имтиҳонии нимсолаи тирамоҳӣ аз 13.12.2020 то 04.01.2021 ба нақша гирифта шудааст.

Хулоса маркази тестӣ ҳамчун як ниҳоди донишгоҳ дар пешбурди таълим саҳм дошта, барои амалӣ намудани технологияи муосири имтиҳонсупорӣ пайваста талош мекунад.

Қудратулло АБДУРАҲИМЗОДА,

муовини ректор оид ба корҳои таълим