Мақсади асосии раёсати донишгоҳ таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири соҳаи омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктор (Рhd), ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми технологияи муосири таҳсилот, корбасти роҳу равиш ва тарзу усулҳои пешқадами раванди таълим мебошад.

Дар таҳсили рӯзонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар нимсолаи якуми соли хониши 2020-2021, 11959  нафар донишҷӯ дар таҳсили рӯзона,10063 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ, 755 нафар дар зинаи магистратура таҳсил менамоянд, ки дар маҷмуъ 22777 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо дар 12 факултет ва  45 кафедра аз ҷумла 3 кафедраи умумидонишгоҳӣ аз рӯйи 66 ихтисос дар рӯзона, 30 ихтисос дар фосилавӣ мутахассисон омода менамояд. Ҳамагӣ 717 гурӯҳи таълимӣ мавҷуд буда  аз ин 408 гурӯҳ дар рӯзона, 48 гурӯҳ дар магистратура, 261 гуруҳ дар фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.


Теъдоди гурӯҳҳои таҳсили рӯзона дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021

курси якум-134 гурӯҳ,

курси дуюм-102 гурӯҳ,

курси сеюм-81 гурӯҳ,

курси чорум-69 гурӯҳ,

курси панҷум-22 гурӯҳ мебошад.

Ҷамъ дар таҳсили рузона 408 гурӯҳ

курси якум-25 гурӯҳ,  (магистр)

курси дуюм-23 гурӯҳ, (магистр)

Ҷамъ дар зинаи магистратура 48 гурӯҳ

 

Теъдоди гурӯҳҳои таҳсили фосилавӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021

курси якум-33 гурӯҳ,

курси дуюм-54 гурӯҳ,

курси сеюм-67гурӯҳ,

курси чорум-50 гурӯҳ,

курси панҷум-57 гурӯҳ мебошад.

Ҷамъ дар таҳсили фосилавӣ 261 гурӯҳ

Вобаста ба ҳодисаҳои пандемияи “Ковид-19”  тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳо барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 аз 17-уми августи соли 2020 дар се баст оғоз карда шуд.

Шурӯъ аз 1.09.2020 дар донишгоҳ  ҷараёни таълим дар ду баст сурат гирифта қисмати бештари курсҳои якум ва дуюм дар басти якум ва сеюму чорум ва панҷум дар басти дуюм ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд.  Дарс шакли асосии додани дониш ба донишҷӯ ба ҳисоб рафта ва дар донишгоҳ бо таваҷҷӯҳ ба гузариш ба низоми муосири таҳсил, яъне низоми кредитии таҳсил як соати дарсӣ 50 дақиқа давом мекунад. Устодони донишгоҳ дар раванди таълим тамоми дониш, маҳорату малака ва таҷрибаи худро ба харҷ медиҳанд, ки  донишҷӯёнро мутобиқ ба барномаҳои таълимӣ ва талаботи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот бо воситаи техника ва технологияи муосир бо донишҳои ҷадид мусалаҳ гардонанд. Мутобиқ ба раванди низоми таҳсилоти кредитӣ донишҷӯён то сеессия ду маротиба бо истилоҳи рейтинг санҷишҳои фосилавӣ супориданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштан ба ҳукумати электронӣ аз ҷониби маркази тестии донишгоҳ журнали электронӣ ба амал бароварда шудааст, ки ҳамарӯза фаъолияти донишҷӯёнро ба инобат гирифта, дар ҳафтаҳои ҳаштум ва шонздаҳум натиҷаи рейтинги якум ва дуюм аз рӯи он муайян карда мешавад.  То саршавии сессияи имтиҳонӣ дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ аттестатсияи донишҷӯён гузаронида шуд. Барои гузаронидани аттестатсия комиссияи аттестатсионии донишҷӯён созмон дода шуд. Аттестатсияи гузаришӣ донишҷӯён дар асоси натиҷагирии ду рейтинги фанҳои таълимӣ ва пардохти маблағи шартномаи таҳсил дар нимсола муайян карда шуд.

Инчунин ҳангоми аттестатсияи донишҷӯён шартҳои зерин ба назар гирифта шудаанд: дастовардҳои донишҷӯ дар корҳои беруназдарсӣ, иҷроиши корҳои мустақилона, иштирок дар озмунҳо ва риояи ҳатмии шартномаи тарафайн.

Дар факултети забони русӣ натиҷаи аттестатсияи гузаришии донишҷӯён (АГД)  ба 100% баробар аст. 866 – нафар донишҷӯёне, ки бо сабабҳои гуногун аз АГД нагузаштаанд ба факултетҳои зерин мансубанд:

Хулоса 866 – нафар донишҷӯёне, ки аз АГД нагузаштаанд 7,1% – ро дар сатҳи донишгоҳ ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 6,5 % зиёд аст. Дар бартараф намудани ин ҷурм танҳо донишҷӯёне имконият доранд, ки  баҳри бартараф кардани қарзҳои академӣ дар триместри зимистона иштирок намоянд, агар  ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардаашон тасдиқкунанда ва ҷавобгу ба банди 92-юми “Низомнома” бошад.

Дар соли 2020 муҳимтарин нуқта дар раванди сессияи зимистона ин аст, ки  ҷараёни имтиҳонот аз тариқи дастгоҳҳои электронии ҷавобгу ба талаботи замони муосир доир карда шуда ва натиҷагирӣ карда мешаванд. Сессияи зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 то 4-уми январи соли 2021 идома меёбад.

Қудратулло АБДУРАҲИМЗОДА,

муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДБ