Имрӯз 7-уми январи соли 2021-ум дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории ғолиби озмуни вилоятии “Ҷоизаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон” барои олимони ҷавон, дар соҳаи илмҳои дақиқ, гуманитарӣ, техникӣ ва иқтисодиёт баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Аминжонов Абдураззоқ Худойшукурович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи илм ва таълиму тарбияи насли наврас ва барои иштироки фаъолона дар озмуни олимони ҷавон, ғолиби озмуни вилоятии “Ҷоизаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон” барои олимони ҷавон, дар соҳаи илмҳои дақиқ, гуманитарӣ, техникӣ ва иқтисодиёт дар соли 2020 дониста шудааст.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ