7

Донишҷӯён дар донишгоҳ дар баробари таълим гирифтан, ба тарбия низ фаро гирифта мешаванд. Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ сохтани  рисолати бузурги касби омӯзгорӣ, роҳандозӣ намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, рушди арзишҳои маънавию ахлоқии халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар алоқамандӣ бо арзишҳои умумибашарӣ саъю талоши зиёде ба кор мебаранд.

Дар давоми соли таҳсили 2020 бо мақсади омӯзиш ва  баррасии татбиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 03.03.2006 № 94, иҷрои  Қарори мушовараи ВМ ва илми ҶТ аз 27. 07. 2007 таҳти № 14/2  оид ба «Тарзи либоспушии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», аз 03. 07. 2007, №14/2, “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 01. 06. 2016, № 237,  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  аз 02. 08. 2016, № 762,   дар донишгоҳ чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ дар шакли суҳбатҳо, мубоҳисаҳо, вохӯриҳо бо шахсони намоён ва дар шакли гузаронидани конференсияю мизи мудаввар гузаронида шуданд.

Тайи чанд сол мешавад, ки тибқи квотаи Президентӣ ба макотиби олӣ шомил гардидани духтарону писарони ноҳияҳои дурдаст аз ин имтиёз бархӯрдор гардидаанд ва теъдоди онҳо сол то сол зиёд шуда истодааст.  

Дар соли таҳсили ҷорӣ дар факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав аз 16 шаҳру ноҳияҳо 567 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ машғули таҳсиланд, ки аз онҳо 358 нафарашон духтарон ва 209 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд.

Донишҷуёне, ки дар олимпиадаҳои ниҳоии ҷумҳуриявӣ байни мактабҳои олӣ, “Ҷоми Академия” ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд ба гирифтани стипендияи Президентӣ  ба 8 нафар дар соли 2020 шарафёб шуданд. Донишҷуёне, ки интизоми намунавӣ дошта ва бо дониши аъло таҳсил мекунанд, инчунин дар ҳама чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ фаъолона иштирок мекунанд, гирандагони стипендияи раиси вилоят 19 нафаро ташкил медиҳад ва 4 нафар бошад бо идрорпулии Кумитаи иттифоқи касаба сазовор гардиданд.

Дар соли таҳсили 2020-ум 2 нафар донишҷӯ,  ки бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омаданд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 08. 2017, № 1465  “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ” ба  муассисаҳои таълимӣ омадан бо идора намудани  воситаҳои  нақлиётӣ  механикӣ  бе ҳуқуқи барқарор ба мӯҳлати 3 сол аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шуданд. Дар ин баробар 4 нафар донишҷӯёне, ки Низомномаи мактаби олӣ ва тартиботи дохилаи донишгоҳро вайрон карданд аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шуданд.

Фаъолияти Шӯрои бонувон ва созмони ҷавонони донишгоҳ дар раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони оянда назаррас буда, роҳбарии ин созмонҳоро  номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгор Нурализода Наргис  ва Ғуломов Меҳроҷ ба уҳда доранд. Ҳар ҳафта рӯзи сешанбе ҷамъомади ҷонишинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ гузаронида шуда дар он масъалахои тарбиявӣ матраҳ мешаванд. Самтҳои гуногуни фаъолияти тарбиявии донишгоҳро шуъба ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба сомон мерасонанд. Дар донишгоҳ шӯрои кураторон амал мекунад.

Корҳои тарбиявӣ дар шакли соатҳои тарбиявӣ, ахбороти сиёсӣ, маҷлисҳои гурӯҳӣ, факултавию умумидонишгоҳӣ, мусоҳиба, шабнишиниҳо, вохӯриҳо бо шахсони намоён, ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд.

Соатҳои тарбиявӣ дар рӯзҳои чоршанбе дар факултетҳои донишгоҳ гузаронида мешаванд. Давомот ба дарсҳо, риояи сару либос, бейжик, дер намондани донишҷуён  ба дарсҳо нисбат ба соли гузашта хело хуб шудааст.

Дар соли  2020-ум  630 нафар донишҷӯён дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд. Аз он ҷумла: 348 нафараш духтарон ва 282 нафарашонро писарон   ташкил медиҳад. Аз инҳо: Квота – 48 нафар (9 писар  ва 39  духтар),  ятими кулл – 15 нафар (11 писар 4 духтар), 7 – нафар нимятим (4 писар 3 духтар), 4 нафар донишҷӯи маъюб (1 писар, 3 духтар).

Дар хобгоҳ реҷаи корӣ мавҷуд аст ва донишҷӯён аз рӯи он амал мекунанд. Ҳолати тозагӣ ва интизоми донишҷӯён мунтазам зери назорати раёсати донишгоҳ ва созмонҳои ҷамъиятӣ қарор дорад. Омӯзгорон ва деканҳои факултаҳои донишгоҳ дар рӯзҳои муайяншуда дар хобгоҳ навбатдорӣ мекунанд. Дар хобгоҳ дафтари қайди навбатдорӣ ва дафтари қайди чорабиниҳои гузаронидашуда мавҷуд аст.

Хобгоҳи донишгоҳ таъмири замонавӣ дида, аз чор ошёна иборат буда, бо барқи доимӣ таъмин аст. Дар соли 2020 ҳамаи ҳуҷраҳои хобгоҳ бо таҷҳизоти барқии гармидиҳанда таъмин карда шудаанд. Ҷои хӯрокпазии ошёнаҳои аз 1 то 4 – ум таъмири капитали дида бо асбобҳои замонавӣ таҷҳизонида шуда, пурра ба истифода дода шуд

Дар хобгоҳ маҳфили «Дастони моҳир» амал мекунад, ки 23 нафар духтарони тибқи Квота таҳсилкунанда аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Носири Хусрав, Ҷ. Балхӣ ва Қубодиён узви фаъоли ин маҳфиланд. Духтарон дар вақтҳои фориғаздарсӣ ба кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ ва духтани либосҳои миллӣ машғул мешаванд.

Дар хобгоҳи донишҷӯён дар соли хониши 2020 як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ адабӣ ва илмӣ гузаронида шудааст. Ба ғайр аз ин аз тарафи ректори донишгоҳ аввал феврали соли 2020, баъдан декабри соли 2020 ба донишҷӯёни хобгоҳ “Панди бузургон” рубоиҳои Умари Хайём ва Ҳофизи Шерозӣ тӯҳфа тақдим гардид.

Холмурод РАҶАБЗОДА,

муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ