Доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонзод бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи чӣ гуна ташаккул ёфтани он суҳбат кард

Ҳоло  авҷи зимистон аст, сардиҳо дар пешанд. Маҳз дар ҳамин давра, ба фикри мутахассисон, бемориҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла COVID-19 шиддат мегиранд. Дар ин робита, табибон беш аз пеш зарурати баланд бардоштани масуниятро таъкид мекунанд.

Ҳар шахс  дар сурати риоя кардани  қоидаҳои зарурӣ  метавонад сатҳи муҳофизати бадани худро дар муқобили коронавирус баланд  бардорад. Дар ин хусус зимни мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» духтур — нутрицолог (мутахассиси масоили беҳдошти ғизо), сармушовири илмии Пажӯҳишгоҳи давлатии таҳқиқотии ғизо, доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳон АЗОНЗОД тавсия дод.

АМИТ «Ховар»: Духтурон изҳор медоранд, ки барои гирифтор нашудан ба коронавирус баланд бардоштани   масуният муҳим аст, хусусан пас аз гуфтугӯҳо дар бораи пайдоиши навъҳои нави ин вирус …

Ҷаҳон Азонзод:  — Бале, ин дуруст аст. Дар ҳар сурат масуният бояд мустаҳкам карда шавад, зеро зимистони сарду тӯлонӣ дар пеш аст. Зимистон  масуният аз он сабаб суст мешавад, ки бадани инсон дар фасли сармо хеле осебпазир аст.

АМИТ «Ховар»: Шумо ҳамчун табиб, метавонед шарҳ диҳед, ки чаро эпидемияи COVID-19 дар тамоми Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида нисбат ба кишварҳои Осиё хеле зудтар паҳн шуд? Оё ин ба масуният вобастагӣ надорад?

Ҷаҳон Азонзод: — Метавон гуфт, ки  масуният  дар ҷои аввал аст. Медонед, суст шудани масунияти  онҳое, ки дар қабатҳои болоии биноҳо зиндагӣ мекунанд, ба он вобаста аст, ки одамизод  аз ибтидо ба зиндагӣ дар рӯи замин одат кардааст. Ҳар қадар, ки манзил баландтар бошад, эҳтимолияти вайрон шудани системаи масуният ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Дар кишварҳои пешрафта, тавре шумо медонед, бисёр одамон дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва тарзи зиндагии камҳаракат доранд.

Илова бар ин, суст шудани масунияти одамони муосир метавонад ба истеъмоли беназорати антибиотикҳо вобаста бошад.

Одамоне, ки тарзи ҳаёти солим доранд, машруботи спиртӣ наменӯшанд ва ба варзиш машғул мешаванд, маъмулан масунияти қавитар доранд. Онҳое, ки тарзи ҳаёти камҳаракат доранд, гирифтори бемориҳои музмин мебошанд ё дар шароити бади муҳити зист зиндагӣ мекунанд, масунияти нисбатан заифтар доранд ва муқовимати бадани онҳо бо уфунатҳои вирусӣ мушкилтар аст.

Чанде пеш як гурӯҳи байналмилалии олимон аз Бразилия, Перу, Пуэрто-Рико ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтанд муайян кунанд, ки масунияти шаҳриёнро чӣ вайрон мекунад. Коршиносон кайҳо зикр  мекарданд, ки масунияти сокинони шаҳрҳои калон аз масунияти деҳотиён ба куллӣ фарқ дорад. Бисёр одамон фикр мекунанд, ки ин ҳама ба экология ва ғизо вобастагӣ дорад. Ғайр аз ин, сокинони деҳот, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ доранд, вақти бештари худро дар ҳавои тоза мегузаронанд ва бо корҳои ҷисмонӣ машғул мешаванд.

Аммо, олимон ба ин назаранд, ки дар асл, сирри солимии сокинони деҳот дар фаъолияти микроорганизмҳо нуҳуфта аст. Маълум шуд, ки ба сокинони шаҳрҳо микробҳое, ки маъмулан дар табиат зиндагӣ мекунанд, ба қадри кофӣ намерасанд. Ва маҳз ҳамонҳо барои солимии системаи масунии инсон муҳиманд.

АМИТ «Ховар»: Ба мо, ки маълумоти муфассал  надорем,  бигӯед, ки умуман масуният чист?

Ҷаҳон Азонзод:  — Масуният  — ин системаи муҳофизатии бадан аст, ки устувории генетикиро нигоҳ медорад. Масуният инсонро аз воридшавии вирусҳо, бактерияҳо, замбӯруғҳо ва ғайра муҳофизат мекунад. Системаи масунӣ ҳам вазифаи муҳофизатӣ ва ҳам «таъмиркунӣ» -ро иҷро мекунад, яъне камбудиҳоеро, ки дар дохили бадани инсон ба вуҷуд омадаанд, бартараф месозад. Агар масуният ногаҳон нест шавад (хушбахтона тиб оид ба чунин ҳолатҳо маълумот надорад), инсон фавран  ҳалок мешавад.

АМИТ «Ховар»: Роҳи беҳтарини тақвияти системаи масуният кадом аст?

Ҷаҳон Азонзод: — Барои ин, дар қадами аввал бояд шаҳрвандон витамин истеъмол кунанд. Витамини маъруфтарин, албатта D, инчунин витамини С (туршии аскорбин) мебошанд. Витаминҳои гурӯҳи B2, B6, B12, маводи минералӣ, калтсий, магний, оҳан, рӯҳ, селен, ки фаъолияти вазифавии ҳуҷайраҳоро зиёд мекунанд, низ  хеле заруранд.

АМИТ «Ховар»: Воқеан, шумо муаллифи асари илмии «Хусусиятҳои шифобахши доруҳои селен» мебошед, ки ҳанӯз соли 2009 нашр шуда буд. Ва пеш аз он, соли 1975, СУТ селенро ба рӯйхати унсурҳои ҳаётан муҳим дохил карда буд. Олимон ва табибон изҳор медоранд, ки амалан дар бадани ҳар инсон, ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон, каме норасоии ин минерал мушоҳида мешавад.

Ҷаҳон Азонзод: — Ин дуруст аст. Аммо дар солҳои ҷавонӣ ин метавонад зоҳир нашавад, фақат инсон метавонад дар ин ҳолат эҳсоси сустӣ кунад. Ҳамааш ҳамин. Аммо наздиктар ба синни 40-45, хусусан дар одамони синнашон аз 50 боло, камбуди ин унсур дар организм метавонад пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Инҳо бемориҳои саратонӣ, сактаи мағзи сар, сактаи дил, бемориҳои дилу рагҳо, ихтилоли гормоналӣ, илтиҳоби буғумҳо ва безурётии мардон мебошанд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз чаҳордаҳ беморӣ мавҷуд аст, ки метавонанд аз сабаби камбуди ин минерал дар бадан инкишоф ёбанд.

Дуюм ин ки, барои мустаҳкам кардани масуният бояд доимо қоидаҳои истеъмоли ғизои солим риоя карда шаванд, бештар маҳсулоти сафедадор ва дорои таъсири зидди бактериявӣ — пиёз, сирпиёз, занҷабил, асал ва ғайраро бояд истеъмол намуд. Сабзавот ва меваҳои мавсимӣ бояд фаровон  истеъмол карда  шаванд. Доимо ба хӯрокҳои худ хӯришҳо илова кунед, зеро хӯришҳо пардаи луобиро нам ва бо ин васила қувваҳои муҳофизатии баданро тақвият мебахшанд. Тавозуни парҳезро нигоҳ доштан зарур аст. Яъне, ба ҳисоб гирифтани миқдори калорияи ғизо ва тавозуни сафедаҳо, карбогидратҳо ва чарбҳо муҳим аст.

Аммо хӯрокҳои тезтаёр (бургерҳо), таомҳои серравған, бирён, шӯр ва аз ҳад зиёд ширин, баръакс, масуниятро коҳиш медиҳанд.

АМИТ «Ховар»: ВАО навишта буданд, ки  бургер  дар Амрико қариб, ки сабаби асосии  фавти одамон эътироф шудааст …

Ҷаҳон Азонзод: Хуб, худатон тасаввур кунед, ки дар ин маҳсулот транс-чарбҳои хатарнок, глутамати натрий ва иловаҳои сершумори ғизоӣ мавҷуд мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Ба истилоҳ «тақвиятдиҳандаҳои мазза» …

Ҷаҳон Азонзод: — Бале. Аммо, тавре ки мегӯянд, на ҳар чизи бомазза солим ва муфид аст. Танҳо як кулчақанди хурд ба бадан 15 грамм чарб медиҳад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки 3% транс-равғанҳо дар як рӯз  барои 23% зиёд шудани хавфи бемориҳои қалб кофӣ аст …

АМИТ «Ховар»: Ва сеюм чӣ?

Ҷаҳон Азонзод: — Сеюм, бояд ба хоби солим диққати махсус дода шавад. Меъёри хоб барои  калонсолон 7-8 соат аст.Чаҳорум, ба варзиш бояд машғул шуд, ҳадди аққал ба варзиши пагоҳирӯзӣ. Барои ин, ба таҷҳизоти гаронарзиш ва мураббиёни фитнес ниёз нест, агар хоҳиш бошад, метавонед бо истифода аз васоили мавҷуда, дар утоқ ё дар пешайвон бо варзиш машғул шавед. Обутобдиҳии бадан нақши муҳим дорад — аммо тадриҷан ва оқилона.

АМИТ «Ховар»: Шумо терапияи “хунук”-ро дар назар доред?

Ҷаҳон Азонзод:  — Бале! Ин роҳи самараноки баланд бардоштани масуният аст. Як духтури рус ҳаст, бо номи Евгений Комаровский, номзади илми тиб, муаллифи китобҳои машҳур ва барномаҳои телевизионӣ дар бораи саломатии инсон. Вай ҳатто дар интернет шабакаи худро дорад бо номи “Клуби Комаровский” . Ҳамин тавр, ӯ мегӯяд: «Обутобдиҳии баданро бояд ҳамчун кӯшиши ба ҳолати табиӣ наздик кардани тарзи ҳаёти инсон баррасӣ кард, набояд гузошт, ки қобилиятҳои мутобиқшавии организм хомӯш гарданд».

АМИТ «Ховар»: Баъзе коршиносон чунин мешуморанд, ки роҳи беҳтарини гирифтани витамини D як — ду соат зери нури офтоб истодан аст …

Ҷаҳон Азонзод:  Онҳо дуруст мегӯянд, бесабаб нест, ки витамини D-ро «витамини офтобӣ» меноманд. Офтоб яке аз беҳтарин манбаъҳои ин маводи ғизоӣ мебошад.  Вале, дар баробари ин,  худро муҳофизат кардан аз бемориҳои дигар бо роҳи дурӣ ҷустан аз таъсири аз ҳад зиёди нурҳои офтоб  зарур  аст.

АМИТ «Ховар»: Метавонед  маҳсулотҳои фоиданоктарин ва солимтарини дорои витамини D-ро, ки дар Тоҷикистон дастрасанд,  номбар кунед …

Ҷаҳон Азонзод: — Ҷигари равғанмоҳӣ — то 4000 МЕ дар 100 гр; навъҳои моҳиҳои серравған — то 300 МЕ дар 100 гр; равғани маска — 35 МЕ дар 100 гр; зардии тухм — 20 МЕ дар 1 дона. Шумо медонед, ки манбаи асосии витамини D моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ мебошанд.

АМИТ «Ховар»:  “ME” – яъне чи? Ин ченак аст?

Ҷаҳон Азонзод:  Оре, ин воҳиди байналмилалӣ аст. Дар фармакология — он воҳиди ченкунии вояи модда аст, ки бар фаъолнокии  биологии он асос ёфтааст.

АМИТ «Ховар»:  Фаҳмо. Оё вояи тавсияшавандаи витамини D вуҷуд дорад?

Ҷаҳон Азонзод:  — Ин ба синну сол вобаста аст: миқдори зарурии шабонарӯзӣ барои калонсолони аз 18 то 50 сола — 600 — 800 МЕ, аз 50 боло — 800 — 1000 МЕ мебошад. Кӯдакон дар як шабонарӯз ба 400 МЕ ниёз доранд.

АМИТ «Ховар»: Ҳар он чизе, ки шумо гуфтед, нишон медиҳад, ки роҳи самараноктарини мустаҳкам кардани масуният тарзи ҳаёти солим аст. Оё ин дуруст аст?

Ҷаҳон Азонзод: Албатта! Беҳуда нест, ки Президенти  мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ва ба таври хастанопазир моро ба ин даъват мекунанд. Пешвои миллат  саломатии миллатро сарвати асосии давлат медонанд, инро на як бору ду бор изҳор доштаанд. Бо супориши Сарвари давлат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳоло ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи миллии тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2021-2025» шурӯъ кардааст…

АМИТ «Ховар»:  Ташаккур.

Холиса АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»