Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади дар рўзи 1 сентябри соли 2016 дар дарси аввали Донишгоҳи давлатии Данғара оғози сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав дар соли 2017 таъкид шуда буд. Бинобар ин рўзи 17 июни соли 2017 бо иштироки Сарвазири мамлакат, муҳтарам Қоҳир Расулзода санги асоси бинои мазкур гузошта шуд. 

 

Воқеан, дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри  Бохтар қомат афрохтани як маҷмааи мукаммали таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав далели ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаққи наслҳои оянда мебошад.

 

Маҷмааи мазкур, ки аз як бинои асосии 11- ошёна ва 2 бинои таълимии 7- ошёна, як бинои 9 ошёна, як бинои 3 ошёна ба нақша гирифта шудааст, ки дар он бунёди фаввораҳо, гулгаштҳо, китобхонаи анънавӣ ва электронӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхонаи замонавӣ, амфитеатр ва марказҳои компютерии замонавӣ пешбинӣ гардидааст.

 

Раванди корҳои сохтмонӣ дар блоки Б-и зербинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бомаром идома дошта сохтмончиён аз соати 6-и субҳ то 9-и шаб кор мекунанд.

Корҳои бунёдиро дар иншооти мазкур ҳамчун пудратчии асосӣ ҶДММ «Собир САМ» ба уҳда дорад. 

Новобаста бо омадани фасли сармо дар мавзеи сохтмонӣ корҳои зиёд ба анҷом расида истодааст ва сохмончиён имрўзҳо бо дили гарм пайи сохтмони бинои асосӣ камари ҳиммат бастаанд.

 

Ҳамчунин, рӯзҳои 21-уми апрел ва 23-юми декабри соли 2020 аз рафти корҳои сохтмони дар мавзеи бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки ба сохтмончиён аз ҷониби ҶДММ «Собир САМ» бо шароити хуб ва ғизои дастрасу бо сифат таъмин таъмин карда мешавад.

То ба имрӯз таҳкурсии блокҳои А, Б ва В ба анҷом расонида сохтмончиён бинои таҳхонаи блоки Б- ро омода намуда истодаанд.