Имрӯз  13-уми январи соли 2021-ум дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар вохурии Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии факултетҳои донишгоҳ  баргузор гардид. 

Нахуст, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ баромад намуд. Дар баромади худ зикр намуд, ки кор бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.

-Бинобар ин ҷадвали навбатдории устодон дар хобгоҳҳои донишгоҳ тасдиқ ва дастрас гардонида шудааст, ки мувофиқи он устодон дар хобгоҳҳо навбатдорӣ мекунанд”, -афзуд  Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ.

Наргис Нурализода, раиси Шӯрои бонувони донишгоҳ  бо презентатсия баромад намуда ба ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар самти тарбияи ахлоқии донишҷӯдухтарон саҳми созмони бонувони донишгоҳ хеле назаррас аст.  

Бояд хотиррасон намуд, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозагӣ, зебоипарастӣ, иззату эҳтироми якдигар нигоҳ доштани ахлоқи ҳамида, тарғиби омӯхтани касбу ҳунарҳои миллӣ дар байни донишҷӯдухтарони хобгоҳи  донишгоҳ  ва  оид ба пешгирии бемории коронавирус  чорабиниҳо дар хобгоҳ мунтаъзам гузаронида мешавад.

Ҳамзамон аз ҷониби кафедра педагогика ва псхология бо мавзуҳои таълимию тарбиявӣ ва равоншиносӣ  дар хобгоҳ ҳар моҳ як маротиба  баргузор мегардад.

Комрон Расулов, сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии  ДДБ ба номи Носири Хусрав баромад намуда оид ба фаъолияти бахши марказ  маълумот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» барои муаррифии шоистаи дастовардҳои донишгоҳ аз соли 2015 сомонаи худро бо нишнонии http://btsu.tj ва дар фейсбук бо нишонии  https://www.facebook.com/groups/348045799694222 фаъол гардонида иттилооти гуногунжанрро пешниҳоди хонандагони худ гардонидааст. 

 

Омӯзгорону донишҷӯён метавонанд, маводҳои худро ба суроғаи ittiloot.ddb@mail.ru равон намуда, ба нашр расонанд. 

 

Ҳамчунин дар ин давра оид ба як қатор чорабиниву мавзӯъҳое, ки ба фаъолияти сохторҳои донишгоҳ тааллуқ дошт, дар сомона мавриди инъикос қарор гирифтанд.   Дар моҳи август-  36 мавод, сентябр – 74 мавод, октябр 95 мавод, ноябр – 76 мавод, декабр – 65 мавод  ҷамъ 346 мавод нашр гардидааст.

 

Дар охири вохӯрӣ роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии факултетҳои донишгоҳ

ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ