1. Муқаррароти умумӣ

1.Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба хотири  баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ,  ифтихори ватандорӣ, арҷузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва завқи китобхонии донишҷӯён, магистрҳо ва докторантҳои донишгоҳ  дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ҳамасола таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, баргузор мегардад.

2.Масъули асосии озмун Раёсати илм ва инноватсияи ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад.

3.Мутасаддии баргузории озмун садорати факултетҳои донишгоҳ мебошанд.
4.Деканҳо ва муовинони онҳо оид ба илм ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якум ва дуюми озмун масъуланд.
5.Барои ба озмуни мазкур ҷалб намудани донишҷӯён, инчунин тарғиби васеи он мудирони кафедраҳо ва дигар шахсони масъули факултетҳо вазифадор мебошанд.

6.Кормандони китобхонаҳои донишгоҳ ҷиҳати дастрас намудани адабиёти лозима вазифадор мебошанд.

  1. Комиссияи озмун.

Масъули баргузории озмун комиссияи озмун мебошад, ки ҳайати он бо фармоиши Ректори донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.
                                           3. Тартиби баргузории озмун.

Озмун аз ду давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи марти соли 2021 идома меёбад.

Даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи феврал дар факултетҳои донишгоҳ гузаронида мешавад.

Даври донишгоҳии озмун моҳи март дар “Кохи фарҳангӣ”-и донишгоҳ баргузор мегардад.

                          

  1. Шартҳои иштирок дар озмун
  2. Дар озмун донишҷӯёни зинаҳои бакалавриат, магистратура, инчунин аспирантҳо ва докторантҳо иштирок карда метавонанд.

 

  1. Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо медиҳанд:

– баёни мухтасари сохт ва таркиби асар;

маълумот оид ба мазмун ва мундариҷаи асар;

– аз ёд гуфтани ҷумла ва порчаҳои ҳикматноки асар;

озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;

– дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;

таассуроти довталаб аз хондани осор.

  1. Шартҳои озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.

5.Тартиби ҳавасмандгардонии иштирокчиёни озмун

Ғолибони озмун бо диплом ва ҷоми озмун сарфароз гардонида мешаванд.