Даври вилоятии мусобиқаи даставӣ миёни муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таҳти  унвони “Варзиш гарави солимии ҷомеа” шуруъ гардид.

 

Футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери сарпарастии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон амали гардида дар он дастаҳои омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи то 35 солаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи Энергетии Тоҷикистон ва Коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Н.Хусрав миёни ҳам рақобат намуданд.

 

Дар натиҷа, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ғолиб гашта, ба даври минтақавӣ миёни дастаҳои омӯзгорони кормандони соҳаи маорифи то 35 солаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар роҳхат гирифт.