Дар самти таълим ва тарбияи ахлоқии донишҷӯдухтарон саҳми созмони бонувони донишгоҳ  хеле назаррас аст. Бо мақсади дуруст ба роҳ  мондани тарбияи бонувону ҷавондухтарон дар соли ҳисоботӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

30 юми январи соли 2020 дар толори хониш бо иштироки раисони бонувони факултетҳо  вохӯрӣ бо ректори донишгоҳ муҳтарам Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, оид ба масоили вобаста ба занону духтарон  баргузор гардид. Сипас ректори донишгоҳ таъкид намуд,  ки бояд занону духтарон, хосса раисони бонувонони факултетҳо барои тарбия намудани донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, одоби либоспӯшӣ, риояи интизом, рӯй наовардан ба фарҳанги бегонапарастӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. 

6-уми феврали соли 2020 дар Донишкадаи энергетики Тоҷикистон  конфренсияи илмӣ дар мавзӯи  “Занон ва рушди илми  муосир” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Бурҳонзода, сардори раёсати кор бо занон ва оила Раҳимзода Раъно,омӯзгорон ва номзадҳои илм иштирок намуда, беҳтарин мақолаҳо соҳиби сипоснома гаштаанд,ки чанде аз занони донишгоҳ ширкат варзида, донишгоҳро намояндагӣ намуданд.

7-уми феврали соли 2020 дар толори хониш вохӯрии  ректори донишгоҳ Давлатзода С.Х. бо ятимон  ва маъюбон гузаронида шуд. Ректор қайд намуд, ки ятимону маъюбон зери пуштибонии давлат ва Ҳукумат қарор доранд. Аз ин рӯ, аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои кӯмак намудан ба ин қишри эҳтиёҷманди ҷомеа пайваста тадбирҳо андешида мешавад.

4-уми марти соли 2020 дар толори хониш мизи мудавар таҳти унвони “Модар ҳаётбахши зиндагӣ” бахшида ба таҷлили Рӯзи модар бо  иштироки омӯзгорони фаъол, донишҷӯдухтарони курси омӯзишии  “Духтарони сарвар” гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани мизи мудаввар тарбия намудани занону духтарон ба пос доштани арзишҳои ниёгон, нигоҳ доштани оила, ба воя расонидани фарзандони комилу соҳиби донишҳои муосир мебошад гузаронида шуд.

6-уми марти соли 2020, бахшида ба рӯзи модар дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии  фарҳангӣ дар сатҳи вилоятӣ  гузаронида шуд, ки панҷ нафар занҳо аз  донишнгоҳ иштирок намудаанд ва бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

7-уми марти соли 2020, дар кохи фарҳангии донишгоҳ бахшида ба рӯзи модар аз тарафи гурӯҳи Леваканди донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар чорабинӣ ба ҳамаи заноне,ки дар пешбурди фаъолияти меҳнатӣ саҳми босазо гузоштаанд, туҳфаҳо аз тарафи раёсати донишгоҳ тақдим гардид. Инчунин, ба як қатор зонони собиқадор туҳфаҳои махсус дода шуд. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ баромад намуда, таъкид дошт, ки зан-модар сароғози зиндагӣ,тарбиядиҳандаи насли башар, чароғи хонадон ва ҳаёту мамоти инсоният ба шумор меравад. Барои ба қадри занон расидан, бояд талош намуд,ҳурмату эҳтироми занро ба ҷо овард,зеро зан аст, ки офтоби хонадони мо гарму нарм аст. Сипас аз ҷониби донишҷӯён қироати шеъру сурудҳо дар бораи ин олиҳаи зебоӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

18-уми марти соли 2020, дар шаҳри Леваканд маҳфили “Рӯзғордорӣ” бо иштироки сардори раёсати кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти вилояти Хатлон  Раъно Раҳимзода ва ҳайати меҳмонон аз Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда,  дар байни тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои олии касбӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав   сазовори  ҷойи  дуюм ва сертификат гардид.Дар маҳфили мазкур донишҷӯдухтарони факултетҳои техникӣ ва технологӣ ва иқтисодӣ фаъол буда,  тавонистанд маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузоранд.

23-уми марти соли 2020 дар ДДБ ба номи Носири Хусрав чорабинии Наврӯзӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ бо иштироки Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, раиси ш.Бохтар Саломзода С., вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодиён М.С. ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ  иштирок намудаанд, ки дар он ректори донишгоҳ Давлатзода С.Х. ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати  ҷашни наврӯзӣ табрик гуфта, дар чорабинии мазкур  тамоми анъанаҳои миллӣ  ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд дода шуд.  

23-уми декабри соли 2020 бо ташаббуси ректори донишгоҳ дар ҳошияи  озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” намунаҳо аз рубоиёти Умари Хайём ва ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ бо номи “Панди бузургон”-ро ба нашр расонида,  дастраси донишҷӯёни донишгоҳ гардонида шуд. Мақсад аз таълифи ин китоб ошноӣ пайдо намудан бо осори безаволи бузургон мебошад.

Дар хобгоҳи донишҷӯён дар соли хониши 2020 як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, адабӣ ва илмӣ гузаронида шудааст. Ба ғайр аз ин, аз тарафи ректори донишгоҳ аз аввали моҳи феврал то имрӯз дар дар байни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Моҳи декабри соли 2020 аз ҷониби ректори донишгоҳ ба истиқоматкунандагони хобгоҳ  китоби “Панди бузургон” ба таври ройгон тақдим гардид.

24-уми декабри соли 2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷи кишвар  баргузор гардид, ки доир ба пешбурди фаъолияти таълиму тарбия дар донишгоҳ суханронӣ карда шуд.

28-уми декабри соли 2020 донишҷӯёне, ки аз хориҷи кишвар дар Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав таҳсил мекунанд, ба осорхонаи вилоятии ба номи “Авесто” барои боздид намудан ташриф оварданд.

29-уми декабри соли 2020 дар толори фарҳангии донишгоҳ ба 48 нафар нафар ятимон,54 нафар кормандон, 6 нафар ғолибони озмуни ҷумҳурявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст” ва ба 4 нафар омӯзгороне,ки барои иштироки шогирдонашон дар озмун саҳм доштанд, кумаки пулӣ расонида шуд.

Бояд хотиррасон намуд,ки чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва фаҳмондадиҳӣ оиди тозаги, зебоипарастӣ, иззату эҳтироми якдигар нигоҳ доштани ахлоқи ҳамида, тарғиби омӯхтани касбу ҳунарҳои миллӣ дар байни донишҷӯдухтарони хобгоҳи  донишгоҳ  ва  оиди пешгирии бемории коронавирус  чорабиниҳо дар хобгоҳ мунтаъзам гузаронида мешавад.Ҳамзамон аз ҷониби кафедра педагогика ва псхология бо мавзуҳои таълимию тарбиявӣ ва равоншиносӣ  дар хобгоҳи донишгоҳ ҳар моҳ як маротиба  баргузор мегардад.

Ҳамчунин ҳар пагоҳи дар даромадгоҳи донишгоҳ оиди ба тартиб даровардани сару либоси донишҷӯён ва пешгири аз бегонапарасти  пайваста назорат бурда мешавад.

Шӯрои бонувони факултет дар оянда кӯшиш менамояд, ки барои боз ҳам хубтар гардидани  раванди тарбия корҳои беҳтареро ба сомон мерасонад. Дар оянда ният дорем, ки барои ҷалби донишҷӯдухтарон ба курсҳои омӯзишӣ ва риояи низомномаи мактаби олӣ  чораҳои заруриро биандешем.

 

Наргис Нурализода,

раиси Шӯрои бонувони ДДБ