Дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоти муовини ректор оид ба корҳои тарбияии донишгоҳ Холмурод Раҷабзода бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд.

Раёсати тарбияи донишгоҳ доимо бо кӯраторони гурӯҳҳои таълимӣ алоқаи зич дошта, барои баланд бардоштани раванди таълиму тарбия ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бориз дорад.

Аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои тарбияӣ Холмурод Раҷабзода таъкид гардид, ки байни ҷавонон доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҷавонон бар зидди экстремизму терроризм, фарҳанги либоспӯшии миллӣ, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир ва монанди инҳо мизҳои гирд баргузор карда шавад.

Ҳамчунин, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбияӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои тарбияи сиёсӣ, тарбияи ахлоқиву маънавӣ, тарбияи гуманистии Консепсияи миллии тарбия ва ҳозир нашудани донишҷӯён бо мошинҳои шахсӣ сироятёбӣ аз бемории ВНМО ва COVID-19 ибрози андеша намуда, ҷавононро ба зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва дур шудан аз фарҳангу оини бегона даъват намуд.

Доир ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  ва шарҳу тавзеҳи Қонуни мазкур аз устодони факултети забони анлшисӣ  хоҳиш ба амал овард, ки дар гурӯҳҳои академӣ барои роҳандозии ин Қонун саҳмгузор бошанд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки Раёсати тарбияи донишгоҳ зери роҳбарии Холмурод Раҷабзода минбаъд низ бо сарпарастони гурӯҳҳои академии факултетҳои донишгоҳ вохӯрӣ баргӯзор менамояд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ