Дар кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳокимаи диссертатсияи саромўзгори кафедраи мазкур Ҳакимов Саъдулло Тағоймуродович дар мавзўи «Имомии Ҳиравӣ ва хусусиятҳои услубиву бадеии осори ў» зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедра Икромов Искандар баргузор гардид.

Дар муҳокимаи диссертатсия устодони соҳибунвону варзида, ба монанди профессорон Икромов И., Тағоймуродов Р., дотсентон Каримов С., Наимов Қ., Аҳмадов С., Саидов Ҷ., Маҳмадалиев С., Худоёрзода Р., номзадҳои илмҳои филологӣ Шарипов С., Р. Қурбонова, Икромова М., Муродов А., Назаров М.  ва аспирантону омўзгорони кафедраҳои факултет ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар кафедраи адабиёти тоҷик рўзи дифои корҳои илмии се нафар муҳаққиқон, аз ҷумла ду нафар доктор PhD (аз рўи ихтисос) Фақиров Хурсандмурод, Чиллаев Суҳроб ва як нафар унвонҷў Салимиён Озар муайян гардида, чор нафар муҳаққиқони дигар: Маҳмадалиева М., Соқиева П., Раҳмонов М. ва Ҳакимов С. марҳалаҳои пешаздифоиро гузашта, мунтазири маълум гардидани рўзҳои ҳимояи корҳои илмии худ мебошанд.

Тазаккур бояд дод, ки айни замон нуфузи илмии кафедраи адабиёти тоҷик 85% -ро ташкил медиҳад. Умед дорем, ки дифои муваффақонаи рисолаҳои номзадии муҳаққиқони мазкур дар соли 2021 баҳри дар оянда боз ҳам баландтар гаштани мавқеи илмии кафедра, факултет ва донишгоҳ мусоидат менамояд.

Муҳаббат Маҳмадалиева,

муовини декан оид ба илм ва инноватсияи

факултети филологияи тоҷик