Имрӯз 22-юми январи соли 2021 дар факултети менеҷмент ва низоми кумрукӣ Донишгоҳи далатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи гумрук баргузор гардид, ки дар он кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон иштирок намуданд. Конференсияи мазкур то соати 14:00 идома мекунад.

Конференсия бо сухани муқаддимавии Хурсанд Ҳамдамзода, декани факултети менеҷмент ва низоми гумрукӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав ифтитоҳ гашта, ҳамаи иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳии конференсия Раҳматулло Аминов, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар кори конференсия маърӯзаҳои Таваралӣ Ғаниев, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳамкориҳои навини стратегии гумрукӣ дар асри XXl”, Зафар Джайлоев, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун омили рушди алоқаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷиқистон” ва Зулфиқор Давлатов, омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукӣ факултети менеҷмент ва низоми гумрукӣ донишгоҳ  дар мавзӯи “Ҳолати иқтидори содиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.

Маврид ба ёдоварист Конференсияи мазкур аз ду бахш иборат буда, дар бахши якум – гумрук зери роҳбарии Зафар Джайлоев 26 мавзӯъ ва дар бахши дуюм – иқтисодӣ зери роҳбарии Шодмон Бақоев 18 мавзӯъро дар бар мегирад.  Натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии  44 нафар олимону муҳаққиқон, аспирантон ва магистрон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ворид гардидаанд, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрами илму иқтисодиёт мусоидат хоҳанд кард.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ