Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оѓози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо, ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

 

Иди Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Дар асари машҳури Умари Хайём «Наврӯзнома» омадааст: «Афридун ҳамон рӯзе, ки Заҳҳок бигрифт, Ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситамиЗаҳҳок раста буданд, писанди данд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».

 

Аммо Абӯрайҳони Берунӣ гуфтааст: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири  сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва  низ омада шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».

 

Оё медонед, ки калимаи «Сада» дар китоби «Авесто» ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ѓуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ѓуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои Баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ѓиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

 

Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун: сат, сатаг, сазак ва ё саз омадааст ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт, яъне ҳангоми ҷашни Сада мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оѓози зимистонро рӯзи панҷуми моҳи Обон, яъне 27-уми октябр мешумориданд ва охири зимистони бузургро рӯзи даҳуми моҳи Баҳман меҳисобиданд, яъне 30-юми январ ва ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд».

 

Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷмандону камбаѓалон ба ҳайси ҳадя медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондаанд.

 

Дар замони ҳукмронии султон Масъуд ҷашни Сада ба ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур додааст, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯѓи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шудааст, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст.

 

Меҳрубон НАЗАРОВ,

саромӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ