Мулоқоти Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», олимону муҳаққиқоне, ки дар соҳаҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва тиб рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ кардаанд, баргузор гардид.

 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ ва дастгирии табақаҳои гуногун дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятӣ 166 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо карда шуд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз вилояти Хатлон 92 нафар ширкат намуда, ба гирифтани 20 ҷой, 1 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм мушарраф гардидаанд.

 

Аз ин шумора як нафар омӯзгори донишгоҳ  – Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, бо гирифтани ҷойи 3-юм  ва 4 нафар донишҷӯйи донишгоҳ  – Сайёҳат Маҳмадавлатова, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ, бо гирифтани ҷойи 2-юм, Фархунда Шодиева, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, бо гирифтани ҷойи 3-юм, Моҳинов Аҳмадзода, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, бо гирифтани ҷойи 3-юм, Сорбон Бобоев, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, бо гирифтани ҷойи 3-юм бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят тасмим гирифт, ки ғолибонро бо чунин тартиб: барои ҷойи якум 10 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ намояд.

 

– Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди корҳои илмӣ, дифои рисолаи номзадӣ, докторӣ ва омӯзиши илмҳои муосир дар кишвар тамоми шароити муносиб фароҳам оварда шудааст, – таъкид намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. – Бояд ҷавонон аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, сатҳи донишандӯзии худро сайқал диҳанд. Зеро ҷавонон соҳибони ояндаи сарзамини аҷдодӣ, созандагони фардои ободи кишвар ва нигоҳдорандаи мактаби бузурги илмии тоҷик мебошанд.

 

Дар ин мулоқот ба 5 нафар муҳаққиқ –  Ҷурабой Собиров, муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, Файзулло Шамсудинов, дотсенти кафедраи таълими математикӣ, Субҳон Расулов, муовини декани  оид ба таълими факултети химия ва биология, Сорбон Расулов, омӯзгори кафедраи биологияи умумӣ,  Бубиев Муъмин, омӯзгори кафедраи методикаи таълими физика, Боев Суҳроб, омӯзгори кафедраи методикаи таълими технологияи донишгоҳ, ки дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳо шарафёб гардидаанд, дар ҳаҷми 10 ҳазор ва 5000 сомонӣ мукофоти ҳавасмандгардонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дастрас намуданд.

 

Раиси вилоят ҳамчунин иқдом кард, ки дар баробари ҳар муҳаққиқе, ки дар соли 2021 рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад, ба роҳбари илмии ӯ низ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Ҳамин гуна, дар баробари ҳар як ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омӯзгори ӯ низ мукофотпулӣ хоҳад гирифт.